Ҳукумати шаҳри Душанбе Нақшаи куллии пойтахт ё "Генплан"-и пойтахтро бар асоси нақшаи ширкати «Гипрогор»- и Маскав оид ба консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ»-и маркази пойтахт, тасдиқ кард.
Бино ба иттилои сайти шаҳрдории Душанбе, нақшаи генералӣ дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, буришҳо, як қатор кӯчаву хиёбонҳои маркази пойтахтро дар бар хоҳад гирифт. Аз ҷумла, кӯчаи Теҳрон то буриши Шоҳтемур ва қисмати ҷанубии кӯчаи Шоҳтемур, аз буриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Бохтар, қисмати ғарбии кӯчаи Бохтар, аз буриш ба кӯчаи Шоҳтемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати шимолии кӯчаи Теҳрон, аз буриш ба кӯчаи Бохтар то ба хиёбони Рӯдакиро фаро мегирад.
Ба иттилои ин манбаъ, ба мақсади татбиқи ин тарҳ, ҳукумати шаҳри Душанбе мақомоти маҳаллии ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахтро вазифадор кардааст, ки дар робита ба амалӣ намудани тарҳи "Генплан" дар маркази пойтахт, соҳибмулкони бинову иншоот ва соҳибони заминҳои ин ҳудудро огоҳ созанд ва тибқи қоунунҳои ҷории кишвар бо онон муомила кунанд.
Ҳукумати шаҳри Душанбе нақшаи "Генплан"-и навро тасдиқ кард ва барои татбиқи он расман қарор қабул кард.
Ин дар ҳолест, ки Абдувалӣ Комилов, раиси Оҷонсии сохтмон ва меъмории Тоҷикистон чанд рӯз қабл зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки "то ҳол Генплан ё Нақшаи кулли нав қабул нашудаааст ва сохтмону меъморӣ бар асосии «Генплан»-и тасдиқшуда дар соли 1983 анҷом мешавад".
Ҳамзамон ҷаноби Комилов хабар дод, ки бинои порлумон дар оянда аз бинои феълии он, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудааст, ба ҷойи дигар тарки макон хоҳад кард ва дар ин биноҳо вазорату идораҳои дигари давлатӣ мустақар хоҳанд шуд. Аммо бо ин ҳам раиси Оҷонсии сохтмон ва меъморӣ дар бораи маҳали нави бинои порлумон изҳори назар накард.
Қарори ҳукумати шаҳри Душанбе дар ҳоле тасвиб шудааст, ки бархе аз сокинон ҷонибдори тахриби биноҳои қадима дар пойтахт нестанд ва мегӯянд бояд шаҳри қадима боқӣ бимонад ва дар мавзеъи нав шаҳри ҷадид бунёд шавад. Ҳатто бархеи дигар бар онанд, ки беҳтар аст, пойтахти нав дар даштҳои бекарони Данғара ва ё Кофарниҳон бунёд шавад ва Душанбе ҳамчун як шаҳри фарҳангӣ ва қадимӣ ҳамчунон боқӣ бимонад.
Аммо замоне ки ин баҳсҳо миёни соҳибназарон ҷараён дорад, биноҳои наве ҷойи биноҳои шӯравӣ қад меафрозанд ва Душанбеи қадимӣ аз назарҳо зудуда мешавад, агарчӣ он дар ёди сокинони доимии он барои ҳамеша нақш дорад. Ва онҳо амсоли Бозор Собир як шоири бузургшуда дар гулгаштҳои Душанбеи қадим, ки акнун ба ёди бӯйи гулу атри пойтахт дубора ба ватан баргаштааст, аз он Душанбе бо ҳасрат ёд мекунанд.
ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №440-2 аз 23.07. 2013
Дар бораи татбиқи Нақшаи генералӣ дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, аз буриш ба кӯчаи Теҳрон то буриш ба кӯчаи Шоҳтемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шоҳтемур, аз буриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Бохтар, қисмати ғарбии кӯчаи Бохтар, аз буриш ба кӯчаи Шоҳтемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати шимолии кӯчаи Теҳрон, аз буриш ба кӯчаи Бохтар то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ
Бо мақсади татбиқи Нақшаи генералӣ дар қисмати марказии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 40 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 79 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1.Пешниҳоди лоиҳавии муаллифи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҶСК «Гипрогор»- и шаҳри Москва оид ба консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» ба инобатгирифта шуда, рӯйхати замима-гардидаи бинову иншооти кам ва миёнаошёнаи бартарафшавандаи дар ҳудуди қисмати шарқии хиёбони Рӯдакӣ, аз буриш ба кӯчаи Теҳрон то буриш ба кӯчаи Шоҳтемур, қисмати ҷанубии кӯчаи Шоҳтемур, аз буриш ба хиёбони Рӯдакӣ то буриш ба кӯчаи Пушкин, қисмати ғарбии кӯчаи Пушкин, аз буриш ба кӯчаи Шоҳтемур то буриш ба кӯчаи Теҳрон ва қисмати шимолии кӯчаи Теҳрон, аз буриш ба кӯчаи Пушкин то буриш ба хиёбони Рӯдакӣ, ки аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шавад.
2.Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе зимни баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба додани иҷозат барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва таъмири бинову иншооташон талаботи Қарори мазкурро риоя намоянд.
3.Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе соҳибмулкони бинову иншоотҳо ва истифодабарандагони қитъаҳои замини ин ҳудудро тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда огоҳ намояд.
4.Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе (Файзуллоев Қ.) дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута, бо риояи меъёрҳою қоидаҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ, сохтмонӣ ва амниятӣ дар ин ҳудуд, тибқи талаботи лоиҳаи консепсияи ҳамоҳангсозии бинову иншооти атрофи майдони «Дӯстӣ» ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, масъалаи боздоштани корҳои сохтмонии бинову иншооти таъиноти баландошёнаи бунёдшаванда дар ҳалқаи бо хиёбон ва кӯчаҳои Рӯдакӣ, Шоҳтемур, Бохтар ва Теҳрон маҳдудшаванда мавриди иҷроиш қарор дода, нисбати имконияти истифодабарии эҳтимолии онҳо, дар мувофиқа бо муаллифи тасҳеҳи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҶСК «Гипрогор»- и шаҳри Москва ва Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи салоҳияташ ҳаллу фасл намояд.
5.Корхонаи фаръии байниноҳиявии бақайдгирии техникии шаҳри Душанбе (Муҳудинов З.М.) дар ҳудуди зикргардида корҳои омӯзиширо вобаста ба бақайдгирии бинову иншооти мавҷуда ба роҳ монда, рӯйхати баҳисобгирии онро тартиб дода, ба Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.
6.Шуъбаи таҳлилӣ ва иттилиотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
7.Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.
М. УБАЙДУЛЛОЕВ