Раҳматилло Зойиров: Муҳоҷирон аввалтар аз ҳама инсонанд

Хабари хуб 15.08.2013 11:59

   Номаи раиси ҲСДТ ба Додситони генералии Русия

Rahmatullo ZoirovРаҳматилло Зойиров, раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон дар баробари фишорҳои навбатӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ба унвони додситони кулли Русия ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Русия ба таври расмӣ муроҷиатнома фиристодааст.

Раҳматилло Зойров дар муроҷиатномаи худ аз вазъи муҳоҷирони тоҷик изҳори нигаронӣ карда, аз Додситони кул ва ваколатдор оид ба ҳуқуқи Русия хостааст, то ба ин ҳолат баҳои ҳуқуқӣ дода, аз қабули қарори таҳлилнашуда ҷилавгирӣ намоянд. Ӯ даъват кардааст, то масъулини Русия, ки масоили марбут ба ҳуқуқи инсон ва муҳоҷиронро қабул мекунанд, ба Қонуни асосии ФР, ҳуқуқ ва озодии инсон эҳтиром гузоранд.

Раҳматило Зойиров, ки дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Маскав ба сар мебарад, дар ин муроҷиати худ қайд кардааст, ки замоне ин шаҳр пойтахти ягонаи ватани ҳамаи мо Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва муҳоҷири меҳнатӣ дар ин кишвар монеа набуда, сарчашмаи захираҳо ва рушд мебошад. Ӯ бо такя ба иттилои мақомоти рус, навиштааст, ки барои муҳоҷирони боздоштшуда дар Маскав макони ҷадиди нигаҳдорӣ интихоб мекунанд: “Дар баробари лагери Голяново дар назди Маскав пулиси ин шаҳр 3 майдони дигарро барои ҷойгир кардани муҳоҷирон ҷустуҷӯ доранд. Пулиси Маскав гуфтааст, ки барои онҳо ҷойҳое лозим мешавад, ки то 2 ҳазор нафарро ҷой карда тавонанд.”

Раиси ҲСДТ аз ин омодагии пулиси Маскав бо изҳори нигаронӣ гуфтааст, ки ин маънои оғози ихроҷи дастҷамъии муҳоҷирони меҳнатиро дорад. Ӯ ҳамчунин суол гузоштааст, ки он асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Русия дар кадом сатҳ қарор доранд ва чаро то имрӯз он расман амалӣ намешавад?

Раҳматилло Зойиров ҳамчунин дар ин муроҷиатнома таъкид кардааст, ки муҳоҷири меҳнатӣ қабл аз ҳама инсон ва муҳоҷири меҳнаткаш аст, на муҳоҷири ғайриқонунӣ.

Раиси ҲСДТ дар ду рӯзи пеш бо нашрия изҳороте ташкили хаймалагерҳоро барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Маскав маҳкум карда, онро хилофи қонунгузории Русия, аз он ҷумла Қонуни асосии ин кишвар донист. Ӯ дар ин изҳороти худ ба он таъкид кардааст, ки ин амали мақомоти рус бояд тибқи моддаи 127-и Кодекси ҷиноии Русия, яъне ғайриқонунӣ маҳрум намудан аз озодӣ, баррасӣ гардад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97