8 августи соли 2013. Бо ёрии интернети мобилӣ аз ширкати "МегаФон" модар ва фарзанде, ки тӯли ду сол ҳамдигарро надида буданд, тавонистанд тариқи тамоси видеоӣ бо ҳам суҳбат кунанд.
Дар яке аз идҳои бузургтарин -Ид-ал-Фитр ширкати "МегаФон" дар Тоҷикистон лоиҳаи "Истиқболи самимӣ"-ро ҷорӣ намуд, ки дар доираи он хонаводаҳо метавонанд тариқи тамоси видеоӣ бо хешовандони худ, ки дар Русия қарор доранд муошират намоянд. Занги видеоӣ бо ёрии 3G-модем аз "МегаФон" анҷом дода мешавад. Барои ин пайваст кардани гаҷет ба компютер ё ноутбук ва ба кор андохтани яке аз барномаҳо барои тамоси видеоӣ кифоя аст.
Барои аввалин бор дар Тоҷикистон хонаводаҳое аз ноҳияи Исфараи вилояти Суғд тавонистанд зангҳои видеоиро ба наздикони худ, ки дар Русия кору фаъолият менамоянд, анҷом бидиҳанд. "Писари ман, ки аллакай тӯли ду сол надида будамаш, дар Хабаровск кор мекунад. Баъзан мо ба ҳамдигар занг зада тариқи телефон дар тамос мешавем, вале ба ҳар сурат ин суҳбатҳо суҳбати "рӯ ба рӯ"-ро иваз карда наметавонанд. Аҷаб фараҳбахш аст, ки ман аз ҳоли Амриллои азизи худ хабардор шуда, фаҳмидам, ки ӯ сиҳат ва саломат аст", - мегӯяд Гулнора Ҳасанова.
Дар Русия намояндагони маъмурияти минтақаи Хабаровск, намояндагии Тоҷикистон дар минтақаи мазкур, инчунин кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират бо наздикони дар вилояти Суғд будаи худ тариқи тамоси видеоӣ робита барқарор карданд.
"Имрӯз мо барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Хабаровск умр ба сар мебаранд, ҷашн баргузор менамоем. Дар ин рӯзи ботантана аз дидани наздикон ва дӯстонамон, ки дар ватан боқӣ мондаанд, хеле хушамон омад. Гарчанде моро ҳазорҳо километр аз ҳам ҷудо менамояд, аммо боз ҳам мо метавонем ҳамдигарро бубинем, табрик намоем, суханҳои ширин бигӯем ва тамоми хушиҳоро ба ҳамдигар таманно намоем. Ба ман билохира имкон даст дод, ки бо модари азизи худ тамос бигирам, - ин барои ман аз ширкати "МегаФон" тӯҳфаи беҳтарин аст!", - мегӯяд намояндаи намояндагии Тоҷикистон дар минтақаи Хабаровск Амрилло Шарипов.
Дар ҷараёни "Истиқболи самимӣ" аз "МегаФон" даҳ оила тавонист, ки бо наздикони худ тариқи видеоӣ сӯҳбат анҷом бидиҳад.
"Мутобиқи маълумоти Хадамоти федеролии муҳоҷират айни замон дар Русия беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон кору фаъолият доранд. Ва маҳз ин далел баёнгари аҳамияти бузурги лоиҳаи "Истиқболи самимӣ" ба ҳисоб меравад. Зеро он ба оилаҳо имкон медиҳад, ки бо кумаки 3G-модеми одӣ ва интернети мобилӣ бо он наздиконе, ки дар ФР қарор гирифтаанд, дар робита бошанду ҳамдигарро бубинанд. Занги видеоӣ - ин танҳо яке аз имконотест, ки муштариёни интернетии мо ба даст меоранд. Бо пайвасткунии опсияи арзонтарин онҳо имкон доранд, ки бо наздикони худ тариқи почтаи электронӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар тамос шуда, инчунин хабарҳоро мутолиа намоянд. Ҳамин тариқ, технологияҳои муосири мобилӣ мардумро мутаҳҳид менамоянд", - мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати "МегаФон Тоҷикистон" дар вилояти Суғд Фирдавс Зеваров.
Ширкат лоиҳаи "Истиқболи самимӣ"-ро дар навоҳии Тоҷикистон давом хоҳад дод. Дар назар аст, ки боз даҳҳо сокинони Ҷумҳурӣ аз тамоси видеоии ройгон истифода бубаранд.