Ҳаракати нақлиёт дар қисми ҷанубии пули хиёбони Саъдии Шерозӣ, бар фарози рӯдхонаи Душанбе, ки ахири моҳи май қатъ гардида буд, барқарор шуд.
Бино ба иттилои Суҳроб Мирзоев, сардори Раёсати истифодаи роҳҳои ҳукумати шаҳри Душанбе шурӯъ аз 11 август ҳаракати нақлиёт тариқи қисмати навшудаи ҷанубии пул шуруъ шуда, қисмати шимолии пул мавриди таъмир қарор мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар ин самт низ то ду моҳи дигар тӯл мекашад.
Ин масъули роҳсозӣ мегӯяд, ки тӯл кашидани кор бо он сабаб аст, ки иншооти куҳнаи коммуникатсионӣ зери роҳҳо сохта шудаанд ва аз нав кардани он кори зиёд мехоҳад. Вагарна ба гуфтаи ин манбаъ, тӯл кашидани кор вобаста ба масъалаи маблағгузорӣ ва таъминот бо масолеҳи сохтмон барои роҳу пулҳо ҳеҷ мушкилие надоранд.Тибқи иттилои шаҳрдорӣ барои таъмир ва азнавсозии пули мазкур ва роҳҳои вуруд ба он аз буҷети пойтахт 14 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.
Нимшӯхиву нимҷиддӣ: Маълум шуд, ки ин пули "сирот" барои имтиҳони журналистони ГЖК тамоми моҳи Рамазон баста буд ва бечора журналисти рӯзадор дар офтоби тафсони тобистон ҳаш-ҳаш карда роҳи офтобиро тай мекард, дар ҳоле ки мумкин буд роҳ то расидан ба пул баста мешуд ва нақлиёт то назди истгоҳи сӯхт меомад. Аммо чӣ кунем, ки ҷабри моҳи Рамазонро роҳсозон бори дӯши журналистон карданд. Ҳам рӯзаву ҳам офтоби сӯзон ва ҳам роҳи аз як сӯ баста ба ГЖК.
Акнун роҳи шимолии ин пул то ду моҳи дигар баста хоҳад буд, ки боз ҳам ҷабр ба чони журналистон хоҳад шуд. Боз пиёдаравӣ…Акнун барои маломату сарзаниши ин зарар роҳсозон як роҳ доранд то аз ғазаби журналистон наҷот пайдо кунанд. Сохтани роҳи ҳавоӣ аз шафати ин пул, ки борҳо ва борҳо дар матбуот пешниҳод шуда буд. Ҳатто бархе аз паҳнкунандагони солманд ин орзуро бо худ ба хок бурданд ва ҳар рӯз аз тариқи ин роҳи даҳшатнок бо тарсу ларз гузар мекарданд. Накунад, ки дигарон ҳам ин орзуро бо худ ба хок бубаранд. Чӣ гуфтед масъулони гиромӣ?!