Хабари хуб

Тоҷикистон сермеҳмон аст: Ҳиллари Клинтон меояд 20.10.2011 12:01 Тоҷикистон сермеҳмон аст: Ҳиллари Клинтон меояд
Бино ба иттилои хабаргузории "Азия плюс" вазири умури хориҷаи Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.

Тасвиби Паймони тиҷорати озод аз сӯи 8 кишвар 19.10.2011 08:13
8 кишвари шӯравии собиқ дар Санкт-Петербурги Русия Паймони минтақаи тиҷорати озодро тасвиб карданд. Зери ин санад сарвазирони Русияву Украина, Беларусу Молдова, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистону Тоҷикистон имзо кардаанд.
Путин худро "пуркортарин" раҳбари Русия номид 18.10.2011 09:45
Сарвазири Русия Владимир Путин худро “пуркортарин” раҳбари Русия аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин сӯ номид, вале гуфт, суботи Русия ҳамчунон осебпазир боқӣ мемонад.
Ҳукми зиндони “амир” ва се аъзои Ҳизби Таҳрир 17.10.2011 09:47
Додгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард.
Мавҷи нооромиҳо аз ИМА то Аврупо 17.10.2011 09:38
Рӯзи якшанбе 250 нафар дар Лондон барои замони номаълум хайма заданд, то аз ин роҳ хашми худро аз амалкарди давлат нисбат ба бӯҳрони молӣ нишон диҳанд.
«Афрӯз» ва «Миллат» вазъи Афғонистонро ба баррасӣ гузоштанд 13.10.2011 18:17
Баъд аз зуҳри имрӯз, яъне 14 октябр дар бинои Маркази татқиқоти стратегии назди президент бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» дар мавзӯъи «Афғонистон баъд аз шаҳодати Устод Раббонӣ: Пайёмади вазъияти сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа» баргузор мешавад, ки дар кори он ширкати намояндагони сафоратхонаҳои ....
90 шалоқ барои офаридани нақши зан дар филми эронӣ 13.10.2011 09:21
Расонаҳои наздик ба мухолифони давлати Эрон мегӯянд, ки Марзия Вафомеҳр, бозигари нақш дар филми "Теҳрони ман ҳароҷ", ки бо муҷаввизи вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ сохта ва намоиш дода шуда буд, ба иттиҳоми бозӣ дар ин филм ба як сол ҳабси таъзирӣ ва 90 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст.
Ғаффор Мирзоев гуруснанишинӣ мекунад 12.10.2011 15:45
Фармондеҳи собиқи Горди президентӣ ва раиси пешини Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Ғаффор Мирзоев гуфтааст, ки ба гуруснанишинии бемӯҳлат даст мезанад.
Тоҷикистон аз нигоҳи "Форбс" фасодзада аст 12.10.2011 08:24
Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ бо номи "Форбс" аз нигоҳи фасодзадагӣ Тоҷикистонро миёни 134 давлати дунё дар ҷои 126 -ум қарор додааст.
Оғози маъракаи таблиғи таҳсили духтарон дар кишвар 11.10.2011 09:18
Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаки Созмони Милал маъракаи ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд.
19 кушта дар тазоҳуроти насрониҳои Миср 10.10.2011 10:21
Телевизиони давлатии Миср хабар дод, ки дар задухӯрди полис бо насрониҳо дар Қоҳира 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Коптҳои насронӣ бо эътироз аз тахриби калисо дар вилояти ҷанубии Асуан даст ба тазоҳурот заданд ва мошинҳои полисро сангборон карданд. Ҳамчунин аз шишаҳои партобшудаи бензин чанд мошин оташ гирифт.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97