Юнон - дар пешорӯи ҳарҷумарҷу эътирозҳои бештар

Хабари хуб 20.10.2011 09:54

Интизор меравад, имрӯYunonз, ки  дар парлумони Юнон раъйгирии барномаи номаҳбуби коҳиши масрафот доир хоҳад шуд, ин кишвар ба ҳарҷумарҷи бештар рӯбарӯ шавад.

Ҳадаф аз ин райъгирӣ таҳияи шароит  барои дарёфти бастаи нави 8-миллиарддолларии кумаки ИА ва Сандуқи байналмилалии пул ба хотири аз вартаи варшикастагии молӣ раҳондани Юнон аст.  Дирӯз Афина дар ҷараёни эътирозҳое, ки мунҷар ба даргирии байни ҷавонон ва пулис шуд, шоҳиди силсилаи ошӯбҳову ғоратгариҳо  шуд. Мақомот мегӯянд, дар хушунатҳои дирӯза 50 маъмури пулис ҷароҳат бардошт. Бо ин ҳол, имрӯз рӯзи дуввуми корпартоии саросарӣ дар Юнон аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97