Тасвиби Паймони тиҷорати озод аз сӯи 8 кишвар

Хабари хуб 19.10.2011 08:13

Putinlar_va_8_kishvar8 кишвари шӯравии собиқ дар Санкт-Петербурги Русия Паймони минтақаи тиҷорати озодро тасвиб карданд. Зери ин санад сарвазирони Русияву Украина, Беларусу Молдова, Қазоқистону Қирғизистон ва Арманистону Тоҷикистон имзо кардаанд.

Сарвазири Русия Владимир Путин гуфт, Озарбойҷону Узбакистон ва Туркманистон мавзӯъи пайвастан ба ин паймонро то поёни сол хоҳанд омӯхт.  Путин гуфт, ин паймон лағви бархе боҷу хироҷҳои гумрукиро дар пай хоҳад дошт. 
Русия аз соли 2010 ба содироти маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон боҷи гумрукӣ эъмол кардааст, ки боиси афзоиши шадиди нархи маводи сӯхт дар ин кишвар шуд.

"Озодӣ"

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97