Тоҷикистон аз нигоҳи "Форбс" фасодзада аст

Хабари хуб 12.10.2011 08:24

FORBES_27-SEP-10Маҷаллаи бонуфузи амрикоӣ бо номи "Форбс" аз нигоҳи фасодзадагӣ Тоҷикистонро миёни 134 давлати дунё дар ҷои 126 -ум қарор додааст.

Коршиносони маҷалла сатҳи фасод, коғазбозӣ, андозбандӣ, озодии тиҷорат ва дигар омилҳои рушди соҳибкориро таҳлил карда, рейтинги кишварҳои беҳтаринро барои тиҷорат пешкаши сармоягузорон кардаанд.

Тоҷикистон дар гузориши нави "Форбс", ки бо унвони "Беҳтарин кишвар барои тиҷорат" паҳн шуда, 134 давлати дунёро фаро мегирад, дар ҷои 120 -ум қарор дорад.

Кишвари моро таҳлилгарони маҷалла аз нигоҳи сахтии андозҳо дар ҷои 121 -ум, озодии асъор дар ҷои 122 -юм, аз рӯи коғазпароканӣ ё бюрократия дар ҷои 106 -ум, технология дар ҷои 110 -ум, воридоти навоварӣ дар мақоми 96 -ум мавқеъ додаанд.

Дар рейтинги "Форбс" кишварҳои дигари Иттиҳоди Шӯравии собиқ аз Тоҷикистон пеш меистанд. Дар ин гузориш Қирғизистон дар ҷои 115 -ум, Украина дар мақоми 105 -ум, Русия - 102, Молдова 90, Арманистон - 89, Қазоқистон 80 -ум, Озарбойҷон - 78, Гурҷистон -50, Латвия - 37 ва Эстония дар зинаи 16 -ум қарор доранд.

Беҳтарин кишвар барои тиҷорат ба иттилои таҳлилгарони "Форбс" -Канада, баъди он Зеландияи Нав ва пас аз он Ҳонгконг мебошанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97