Оғози маъракаи таблиғи таҳсили духтарон дар кишвар

Хабари хуб 11.10.2011 09:18

Abdujabbor_RahmonovВазорати маорифи Тоҷикистон ва Бунёди кӯдаки Созмони Милал маъракаи ҳимоят аз таҳсили духтарон дар Тоҷикистонро оғоз кардаанд.

Хабаргузории «Азия-Плюс» ба нақл аз вазири маориф Абдуҷаббор Раҳмонов гуфтааст, ҳадаф аз маъракаи густардаи иттилоотию маърифатӣ таъсиси ҳаракате дар ҷомеа аст, ки ба аҳамияти таҳсили духтарон таъкид кунад ва шароити ин таҳсилро баррасӣ намояд. Вазир гуфтааст, дар ҳоли ҳозир наздик ба 800 духтари  наврас дар кишвар аз таҳсил маҳруманд. Нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин раванд дар ҳоли афзоиш аст.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97