Дар доираи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ имруз, 20 октябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алӣ Лориҷонӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд.
Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба «Миллат» иттилоъ дод, баъди нисфирӯзии худи ҳамин рӯз Раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва гуруҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Эрон мулоқот менамояд.
Дар назар аст фардо 21 октябри соли ҷорӣ Алӣ Лориҷонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Чумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот намояд.
Ҳамчунин доктор Алӣ Лориҷонӣ бо устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрда дар назди онҳо суханрони менамояд. Худи ҳамон рӯз меҳмони воломақом ва ҳамроҳони ӯ аз Академияи илмҳои Тоҷикистон- аниқтараш аз институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, осорхонаи бостоншиносии институти таърих, утоқи Эрон дар донишгоҳи давлатии тиббӣ ва осорхонаи ба номи Беҳзод дидан менамояд.