Бино ба иттилои хабаргузории "Азия плюс" вазири умури хориҷаи Амрико дар доираи сафари минтақавии худ, рӯзи 20-уми октябр аз Тоҷикистон низ боздид хоҳад кард.
Як манбаи расмӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, дар ҷараёни сафари дурӯзаи худ, бону Клинтон бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Пас аз зиёрати Тоҷикистон вазири умури хориҷаи Амрико озими Тошканд хоҳад шуд, то бо раиси ҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов низ мулоқот анҷом бидиҳад.
Ҳанӯз аввали моҳи октябр ҷаноби Марк Гроссман - фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон низ мулоқоташро аз Тоҷикистон оғоз карда, пас аз анҷоми гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон озими Тошканд шуда, бо Ислом Каримов низ мулоқот анҷом дод.
Аммо акнун сафари бону Клинтон ба минтақа суолотеро халқ кардааст, ки ин қадар тор таниданҳои дипломатҳои амрикоӣ аз он сӯйи уқёнус ба Душанбеву Тошканду Афғонистону Покистон ба хотири чист? Зеро ин рафтуомадҳо дар ҳоле сурат мегиранд, ки равобит миёни Амрико ва Покистон рӯ ба таниш аст. Ва Амрико дар пасманзари ин ихтилоф бо Покистон, дар ҷустуҷӯи гузаргоҳи амн барои интиқоли маводи икмолоти нируҳои НАТО дар Афғонистон аст. Чашми умеди Амрико дар ин вазъият ба кишварҳои Осиёи Миёна дӯхта шудааст. Акнун вақт довари ҳақгӯст, ки дар ин вазъият Тошканд манфиати бештар мебарад ё Душанбе. Ин аввалтар ба заковати мушовирони давлатӣ ва баъдтар ба мавқеи геополитикии Тоҷикистону Узбакистон вобаста аст. Агарчӣ Узбакистон салоҳиятҳои бештаре дорад ва дар қаламраваш абарқудрате дигар ҳамсони Русия пойгоҳи низомӣ надорад, аз ин рӯ метавонад, бештар ба оғӯши Амрико фурӯ биравад. Аммо Тоҷикистон ба хотири доштани ҳусни таваҷҷуҳ аз сӯйи раҳбарияти Ҷабҳаи шимол, нируи аслии муқовимат аллайҳи Толибон, ба вижа толибони покистонӣ дар Афғонистон Амрикоро водор месозад рӯйи Душанбе ҳам бештар ҳисоб кунад, то Тошканд.
Зимнан, дар ҳоли ҳозир 150 ҳазор сарбози НАТО дар Афғонистон мустақар мебошанд, ки 80 ҳазори онро нируҳои амрикоӣ ташкил медиҳанд, ки онҳо манофеъи кохнишинони Ғарбро дар минтақа пиёда мекунанд.