90 шалоқ барои офаридани нақши зан дар филми эронӣ

Хабари хуб 13.10.2011 09:21

Vafo_MehrРасонаҳои наздик ба мухолифони давлати Эрон мегӯянд, ки Марзия Вафомеҳр, бозигари нақш дар филми "Теҳрони ман ҳароҷ", ки бо муҷаввизи вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ сохта ва намоиш дода шуда буд, ба иттиҳоми бозӣ дар ин филм ба як сол ҳабси таъзирӣ ва 90 зарбаи шаллоқ маҳкум шудааст.

Хонуми Вафомеҳр, ки дар ҳоли ҳозир дар зиндон ба сар мебарад, ҳамсари Носир Тақвоӣ, коргардони саршиноси эронӣ аст.

Бино ба иттилои Би-Би-Сӣ тайи ҳафтаҳои гузашта ва бо ташдиди фишорҳо бар ҳунармандони арсаи синамои Эрон авомили филми "Теҳрони ман ҳароҷ" боздошт шуданд, ки ҳамаи ин афрод дар ҳоли ҳозир ба ҷуз хонум Вафомеҳр бо қарори васиқа озод ҳастанд.

Филми "Теҳрони ман ҳарроҷ" достони духтари ҳунарманде аст, ки дар ҷараёни баргузории ҷашне бо як писари эронии сокини Австралия ошно мешавад ва дар талош аст то ҳамроҳи ӯ Эронро тарк кунад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97