Ҳукми зиндони “амир” ва се аъзои Ҳизби Таҳрир

Хабари хуб 17.10.2011 09:47

Hukmi_TahririhoДодгоҳи Cуғд чаҳор узви Ҳизби Таҳрирро, ки тобистони имсол боздошт шуда буданд, аз 20 то 22 соли зиндон маҳкум кард.

Абдунабӣ Абдулқодиров, Иброҳимбек Маҳмудов, Яҳёхон Раҳмонхӯҷаев ва Талъат Мавлонов барои "ташкили гурӯҳи ҷиноӣ", "барангехтани хусумати милливу мазҳабӣ", "иштирок дар созмонҳои экстримистӣ" ва ҳамчунин "даъват ба сарнагунии сохти конститутсионии давлат" муҷрим шинохта шудаанд.
Тибқи қарори Додгоҳи вилояти Суғд Абдулқодиров ва Раҳмонхӯҷаев 20 сол ва Мавлонову Маҳмудов 22 соли умри худро пушти милаҳои зиндон сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ ҳамчунин гуфт, ки амволи ин афрод бар фоидаи давлат мусодира шуда, онҳо ҳуқуқи фаъолият дар ҳамагуна иттиҳодияи диниро батамом аз даст додаанд.
Додситонии вилояти Суғд мегӯяд, дар соли 2010 алайҳи навад узви гурӯҳҳои ифротгаро дар ин вилоят парванда боз карда буд, ки 42 парванда ба аъзои Ҳизби Таҳрир марбут аст.
Соли 2001 мақомот фаъолияти аъзои Ҳизби Таҳрирро мамнӯъ эълон карда, соли 2008 онро ба феҳрасти созмонҳои экстримстӣ шомил намуданд. Дар тӯли даҳ соли мамнӯъияти ин ҳизб дар Тоҷикистон садҳо аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Таҳрир дар манотиқи мухталифи кишвар, махсусан дар Суғду Хатлон, боздошт ва ба зиндонҳо афканда шудаанд.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97