
Баъд аз зуҳри имрӯз, яъне 14 октябр дар бинои Маркази татқиқоти стратегии назди президент бо ибтикори Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон- «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» дар мавзӯъи «Афғонистон баъд аз шаҳодати Устод Раббонӣ: Пайёмади вазъияти сиёсӣ ва низомӣ барои Тоҷикистон ва минтақа» баргузор мешавад, ки дар кори он ширкати намояндагони сафоратхонаҳои Афғонистон, Ирон, Амрико, Бритониё, Олмон ва Покистон, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, рӯшанфикрони саршиноси тоҷик, коршиносони масоили сиёсӣ ва рӯзноманигорони шинохтаи кишвар дар назар аст.
Чуноне маълум аст дар Афғонистон тайи чанд соли охир аз ҷониби душманони мардуми Афғонистон афроди саршиноси ин кишвар, ки ҳамагӣ тоҷик ҳастанд, бо шеваҳои ноҷавонмардона террор мешаванд. Пас аз террори Раҳбари ҷиҳод, муқовимат ва сулҳи Афғонистон, президенти пешини ин кишвар Устод Бурҳониддини Раббонӣ дар мусоҳибае бо нашрияи «Миллат» яке аз чеҳраҳои шинохтаи Афғонистон, раиси Ҳизби кунгураи миллӣ ва вакили мардум дар Парлумони Афғонистон, шоир ва рӯзноманигор Латифи Пидром аз мардум ва масъулини Тоҷикистон тақозо намуд, ки нисбат ба сарнавишти бародаронашон дар он сӯйи марз дар ин лаҳзаҳои ҳассос бетаваҷҷӯҳ ва бепарво набошанд ва ба дарки он чӣ, ки дар нисбати шахсиятҳои барҷастаи Афғонистон иттифоқ меуфтад, бирасанд ва онро нодида нагиранд. Пидром афзудааст, ки «мо тақозои мудохилаи сиёсӣ надорем, вале тақозои ҳамбастагиҳои ахлоқӣ, маънавӣ ва фарҳангӣ, ки ҳаққи ҳамаи мо ҳаст, дорем. Орзуи мо ин аст, ки мардуми Тоҷикистон, шахсиятҳои саршиноси Тоҷикистон масоили Афғонистон ва он чи ки ин ҷо рух медиҳад, онро бодиққат таъқиб бикунанд ва бетафовут набошанд, чун боз мумкин аст иттифоқоти дигаре сурат бигирад, ки аз он мавқеъ дигар ибрози таассуф кардан кофӣ нахоҳад буд. Ин орзуи мо аст. Ва мутаассифона мо дар вазъияти хубе қарор надорем.»
Дар робита бо ҳамин нукоти Паёми Латифи Пидром Анҷумани «Афрӯз» ва нашрияи «Миллат» тасмим гирифтанд, ки як Мизи гирде баргузор намоянд ва масоили марбут ба вазъи Афғонистон ва кушта шудани чеҳраҳои саршиноси ин кишварро ба маърази таҳлил ва баррасии ширкатдорони маҳфил, давлат ва мардуми Тоҷикистон бигзоранд.
Фирдавси Рустам
.