Ҳукумати Тоҷикистон ба пешниҳоди Шодӣ Шабдолов, раиси ҳизби коммунисти кишвар барои таъсиси як комиссиюни вижа барои танзими қиммати нирӯи барқ дар кишвар мухолифат кардааст.
Коммунистон таъсиси чунин комиссияро дар тарҳи ҷадиди қонуни Тоҷикистон дар бораи энержӣ пешниҳод карда, вале ҳукумат бо ин банди лоиҳаи қонун мухолифат кардааст.
Феълан, танзими қимати нирӯи барқ, гармӣ ва газ аз сӯйи давлати Тоҷикистон бо ризоияти Оҷонси зиддиинҳисорӣ тасвиб мешавад. Вале, Шодӣ Шабдолов бо ҷамъи бархе аз намояндагони порлумон, ки тарҳи ҷадиди қонуни энержиро таҳия кардаанд, наҳваи дигари баҳогузориро пешниҳод доранд.
Шодӣ Шабдолов мегӯяд,ки тибқи тарҳи қонуни ҷадид, раиси ҷумҳури Тоҷикистон як комиссияи махсусеро барои танзими қимати нирӯи барқ, газ ва гармӣ барои панҷ сол таъйин мекунад. Ба гуфтаи ӯ, ин комиссия ҳар як пешниҳод дар бораи боло бурдани арзиши энержӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ ва тасвиб мекунад. Яъне, аъзои ин комиссия вазифадор мешаванд, ки тамоми далелҳои зарурати боло бурдани арзиши барқ, гармӣ ё газ дар кишварро биомӯзанд ва сипас тасмим бигиранд. Ва ин амр имкон медиҳад, ки раванди танзими қиммати энержӣ, аз ҷумла нирӯи барқ дар Тоҷикистон шаффоф ва одилона бошад. Зеро, ба гуфтаи раиси коммунистҳо ба кори ин комиссия намояндаҳои ҷомеъаи маданӣ ба унвони нозир ҷалб карда мешаванд. Ӯ афзуд, ки мубтакирони тарҳи нави қонуни энержӣ қабл аз ироаи ин пешниҳод, таҷрубаи бархе аз кишварҳои ҷаҳон, назири Ҳинд, Арманистон, Молдова, Русия ва кишварҳои ғарбиро омӯхта ва ба натиҷае расидаанд, ки таъсиси чунин як комиссия барои Тоҷикистон низ зарур аст.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд соли ахир арзиши нирӯи барқ ва газ дар Тоҷикистон ба мавзӯъи доғе дар ҷомеъа табдил шудааст. Дар ҳоле, ки танзими қимати гоз ба далели воридотӣ будани он душвор ба назар мерасад, вале нирӯи барқ дар дохили кишвар тавлид мешавад ва ба ин далел мавзӯъи боло рафтани арзиши он суолотеро ба дунбол дорад.
Масъулини арсаи энержии Тоҷикистон мегӯянд, ки болоравии арзиши нирӯи барқ бо дархости созмонҳои молии байналмиллалӣ сурат гирифта ва афзоиши мизони ҷаззобияти бахши энержии кишвар барои сармоягузорони хориҷиро ҳадаф дорад. Вале, соҳибназарон мегӯянд, дар ҳоле ки ҳудуди панҷоҳ дарсади ҷамъияти Тоҷикистон зери хати фақр ба сар мебарад, болоравии арзиши қиммати нирӯи барқ мушкилоти ин афродро афзоиш медиҳад.
Зимнан, қарор буд, ки аз авоили соли ҷорӣ низ арзиши нирӯи барқ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза боло бурда шавад, вале ба далоили номаълум давлати Тоҷикистон ин пешниҳоди ширкати “Барқи тоҷик”-ро напазируфт. Ҳарчанд, масъулони вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон ахиран эълом доштанд, ки ин амр ногузир аст.