Фармондеҳи собиқи Горди президентӣ ва раиси пешини Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Ғаффор Мирзоев гуфтааст, ки ба гуруснанишинии бемӯҳлат даст мезанад.
Дар ин бора Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев хабар дода ва илова кардааст, ки бародараш як моҳ интизор мешавад ва агар хоҳишоти ӯ иҷро нашавад, ҳатман гуруснанишинӣ хоҳад кард.
Баъд аз мулоқот бо бародараш бону Оиша ба радиои Озодӣ гуфтааст, ки бародараш мехоҳад барои баррасии қарори қазияи ӯ як комиссияи махсус дар ҳайати намояндагони прокуратураву суд ва дигар мақомоти масъул ташкил шавад. Бону Мирзоева изҳор дошта, ки бародарам Ғаффор гуфт, ки ба додгоҳ муроҷиат кунед ва аз ман расонед, ки дар муддати як моҳ намояндаҳояшон бо намояндаи додситонӣ ва дастгоҳи президент, ҳар мақоми масъул, ки бошад, як комиссияи босалоҳият карда, биёянд, назди ман дароянд ва ба ман дуруст бифаҳмонанд. Агар ба ман дуруст фаҳмонда тавонанд, ки ҳукми ман дуруст аст, даст мебардорам, таслим мешавам ва менишинам дар ҳамин маҳбас. Ман ғуломи қонунам. Ҳеч вақт аз қонун рӯ нагардондаам. Аммо агар исбот накунанд ва дар муддати як моҳ наоянд, гуруснанишинии якумра, то мурдан гуруснанишинӣ мекунам.
Ғаффор Мирзоев ҳамчунин талаб кардааст, ки бо вакили дифоъи худ мулоқот кунад ва дигарбора қазияаш ба баррасӣ кашида шавад.
Фармондеҳи собиқи Горди президентӣ Ғаффор Мирзоев моҳи августи соли 2004 боздошт шуда додситонии низомӣ ӯро дар содир кардани 104 ҷиноят аз рӯи 34 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гунаҳкор донист. Аммо дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҷониби додситонӣ ва додгоҳ 11 ҷинояти ӯ бекор карда шуд. Мурофиаи додгоҳии генерал Ғаффор Мирзоев тақрибан ду сол идома кард ва аз тӯлонитарин мурофиаҳои пурсарусадои солҳои ахир буд.
11 августи соли 2006 Ғаффор Мирзоев бо гуноҳи куштор, ғасби қудрат аз тариқи ошӯби низомӣ, убури ғайриқонунии марз, саркашӣ аз пардохти молиёт ва сӯистифода аз мақоми хидматӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.