Гузоришҳо аз эҷоди мушкилот барои муҳоҷирони тоҷик 11.11.2011 10:36
Бино ба гузоришҳо, муҳоҷирони кории тоҷик дар гирифтани иҷозаи кор дар Русия ба мушкил рӯ ба рӯ шудаанд.
Шерхон Салимзода ҳукми зиндони халабонҳоро шарҳ дод 10.11.2011 13:39
Додситони кулли Тоҷикистон нигарониҳои мақомоти Русия дар робита ба ҳукми Садовничий ва Руденкоро бепоя хонд.
Зойиров ислоҳотро аз худ шуруъ мекунад 10.11.2011 11:49
Раҳматило Зойиров, ки беш аз 13 сол раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро бар уҳда дорад ва аз мухолифони аслии ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, тасмим гирифтааст, дар ҲСДТ даст ба ислоҳот бизанад.
Тарма ҷони ду тоҷикро гирифт 09.11.2011 18:10
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи фаромадани тарма дар Кӯҳистони Масчо ду сокини ин ноҳия ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, чаҳор гӯсфанди ин ду сокини Кӯҳистони Масчо низ зери тарма мондаанд.
Табиби Майкл Ҷексонро дар марги ӯ гунаҳкор донистанд 08.11.2011 10:17
Додгоҳи Лос Анҷелес, табиби хусусии Майкл Ҷексон, овозхони шинохта дар ҷаҳонро дар марги ӯ гунаҳкор донист.
Бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода 07.11.2011 11:18
Бозсохти шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – Пахтаобод имрӯз 7-уми ноябр оғоз шуд.
Таркиши як мошини ҳомили газ дар Кӯлоб 07.11.2011 11:04
Пас аз зуҳри шашуми ноябр як мошини ҳомили газ, ки марбут ба ширкати "Кӯлобнафтрасон" будааст, таркид.
"АП": Дар робита бо ҳалокати Б.Шодиев се масъули шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур аз вазифа ронда шуданд 05.11.2011 13:25
Се корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз кор ронда шуданд. Дар гузориши «Азия-Плюс» гуфта мешавад, ки аз кор пеш шудани кормандони масьули милиса бо ҳодисаи марги Баҳромиддин Шодиеви 28-сола иртибот мегирад, ки моҳи октябр рух дод. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом кормандони ин шӯъба аз вазифаҳои худ маҳрум ....
Сабқати 4 номзад дар интихоботи миёндаврии парлумонӣ 04.11.2011 14:55
Дар интихоботи миёндаврии ҳавзаи Шоҳмансур-3 чаҳор номзад бо ҳам рақобат хоҳанд кард.
Сӯҳроб Комилов аз "сафари Миррих" бармегардад 04.11.2011 09:46
Имрӯз дар Маскав озмоиши 520-рӯзаи “Миррих-500" анҷом меёбад. Шаш “миррихнавард” 17 моҳро дар шароити ҳамсон бо шароити парвози тулонӣ ба Миррих сипарӣ карданд.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97