Мавҷи нооромиҳо аз ИМА то Аврупо

Хабари хуб 17.10.2011 09:38

mavji_nooromihoi_IMAРӯзи якшанбе 250 нафар дар Лондон барои замони номаълум хайма заданд, то аз ин роҳ хашми худро аз амалкарди давлат нисбат ба бӯҳрони молӣ нишон диҳанд.

Ин гурӯҳ аз ҳаракати “Ишғоли Вол Стрит” дар Амрико илҳом гирифтаанд, ки тарафдорони алайҳи ба истилоҳ “хасисии ширкатҳо” ва нобаробарии иқтисодӣ тазоҳуроти эътирозиро раҳандозӣ карданд.
Тазоҳургарони шаҳри Лондон аввал хостанд, дар баробари Бозори Бурси Лондон ҷамъ оянд, аммо пулис онҳоро нагузошт. Сипас онҳо ба майдони наздики дигар ҳаракат карда ва тақрибан 70 хайма заданд. Баъзеи онҳо гуфтаанд, то замоне ки лозим аст, дар инҷо мемонанд.
Гайлз Фрейзер, яке аз масъулони Калисои Павели муқаддас-маҳалли тазоҳурот мегӯяд:  “Ба андешаи ман мардум ҳаққи тазоҳуротро доранд ва ман бисёр хушнудам, ки мардум ин ҳақро доранд. Мардум дар ин ҷо дар маҷмӯъ ором буданд ва ба назар мерасад, ки ҳама чиз орому хуб аст.”
Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як тазоҳургар Ҷейн Макинтайр навиштаст, мардум мехоҳанд бигӯянд, ки дигар кофист, мо демократияи воқеъиро мехоҳем, на демократияеро, ки ба манфиати тоҷирҳои бузург ва низоми бонкӣ асос ёфтааст.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97