Медведев хостори ҳалли ихтилоф бо Тоҷикистон шуд

Хабари хуб 15.11.2011 09:39

MedvedevРаиси ҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев аз раҳбарияти Тоҷикистон даъват кард, парвандаи халабони рус Владимир Садовничий, ки ба 8,5 соли зиндон маҳкум шудааст, бознигарӣ шавад.

Дар нишасти хабарӣ дар Ҳонолулу дар поёни ҳамоиши сарони Ҷомеаи иқтисодии кишварҳои Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором (АТЭС) Медведев гуфт, агар паём шунида нашавад, рӯйдоди Қӯрғонтеппа метавонад, ба муносибатҳои байни ду кишвар таъсир гузорад. Вай дар робита ба ихроҷи шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия гуфт, «агар одамоне ёфт шудаанд, ки дар қаламрави Русия бе иҷоза зиндагӣ мекунанд, пас бояд онҳо ронда шаванд ё вазъи ҳуқуқии онҳо дар дохили кишвар ба қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ муносиб гардонда шавад.»
Бар пояи изҳороти Хадамоти муҳоҷирати Русия то ҳоло 300 шаҳрванди Тоҷикистон боздошт ва теъдоде аз онҳо ихроҷ шудаанд. Вале бино бар омори ғайрирасмӣ шумораи боздоштшудаҳо метавонад ба маротиб бештар бошад.

«Озодӣ»

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97