Бозсохти шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода – Пахтаобод имрӯз 7-уми ноябр оғоз шуд.
Дар маросми оғози бозсохти ин шоҳроҳ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар ширкат намуд.
Роҳи Душанбе–Турсунзода 61,5 километрро ташкил дода, маблағи умумии ин барнома 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 120 миллион доллараш гранти Бонки Осиёии Рушд, 39 миллион доллараш cаҳми Тоҷикистон ва 27 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа ташкил медиҳад.
Мақомот қаблан гуфта буданд, иллати таъхир дар оғози ин тарҳи муҳим зарурати тахриби 300 манзил дар беш аз 60 километр тӯли ин шоҳроҳ буд, ки акнун ҳалл шуда ва соҳибони ин манзилҳоро ба маконҳои нав кӯчонидаанд. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё баъди тармим ин шоҳроҳ низ ба мисли роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ мешавад ё хайр.
Роҳи Душанбе-Турсунзода тавассути ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳи Душанбе Қӯрғонтеппа ва Дӯстӣ-Панҷи Поён ба Афғонистон муттасил мешавад, ки дар рушди иқтисоди кишвар ва коҳиши бекориву мизони камбизоатӣ нақши муҳимро ифо хоҳад кард.
«Озодӣ»