Зойиров ислоҳотро аз худ шуруъ мекунад

Хабари хуб 10.11.2011 11:49

ZOIROV_RAHMATILLOРаҳматило Зойиров, ки беш аз 13 сол раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистонро бар уҳда дорад ва аз мухолифони аслии ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад, тасмим гирифтааст, дар ҲСДТ даст ба ислоҳот бизанад.

Ин ҳизб барномаи тарбияи насли ҷавони сиёсатмадоронро рӯйи даст гирифтааст. Ва ин мавзӯъ дар анҷумани ҳизб, ки рӯзи 26-уми ноябр баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон тағйири аз се ду ҳиссаи мақомоти раҳбарии ҲСДТ дар назар аст. Дар ҷараёни анҷуман ҳамчунин мавзӯъи таҷдиди назар дар наҳваи фаъолияти ин ҳизб баррасӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла, тадобире барои тақвияти таблиғи ғояҳои сотсиал-демократӣ дар Тоҷикистон ва тарбияи насли ҷавони сиёсатмадороне, ки аз ин ақидаи сиёсӣ пуштибонӣ мекунанд, дар назар аст. Тасмим гирифта шудааст, то аз се ду ҳиссаи аъзои раёсати ин ҳизб аз ҷумлаи ҷавонон интихоб шавад. Гузашта аз ин, қарор аст дар ойинномаи ҲСДТ тағйирот ворид карда шавад ва мӯҳлати узвияти аъзои ин ҳизб дар мақомоти раҳбарӣ танҳо ду навбати чаҳорсолӣ муқаррар шавад ва интихоби раиси ҳизб бидуни рақиб ё номзади алтернатив мамнӯъ эълом мешавад.

Ин дар ҳолест, ки дигар дар Тоҷикистон аксарияти раисон, ҳатто дар кӯчактарин ташкилот бидуни алтернатив интихоб мешаванд ва ҳамагӣ бар ин боваранд, ки раҳбарашон ивазнашаванда аст. Агарч ин амр мавриди интиқоди сиёсатмадорон ва соҳибназарони тоҷик қарор гирифтааст, аммо ба назар мерасад, ки он ба як фарҳанг дорад табдил мешавад.  

Ҳамакнун, ин суол матраҳ аст, ки оё Раҳматило Зойиров, ки аз соли 1998 раҳбарии сотсиал-демократҳоро бар уҳда дорад, метавонад ин равандро тағйир бидиҳад ва ё боз ҳашт соли дигар раиси ҲСДТ интихоб мешавад?

Раҳматило Зойиров гуфтааст, ки раёсати ҳизб тасмим гирифтааст, ба ойинномаи ҳизб тағйирот ворид созад ва мақоми Дабири кулли ҲСДТ-ро таъсис диҳад. Ин симати ҷадид аст ва ҳар узви ин ҳизб ҳақ дорад ба ин вазифа барои ду давраи чаҳорсолӣ интихоб шавад.

Аммо чунин тағйири мақоми раҳбарии ҲСДТ ҳаммонанди баргузории ҳамапурсӣ барои ислоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон дар соли 2005 нест, ки дар пайи ин ислоҳи Қонуни асосӣ, Президент Раҳмон аз ҳаққи интихоб шудан ба симати раиси ҷумҳур барои ду давраи ҳафтсолӣ бархӯрдор шуд?!

Раҳматило Зойиров мегӯяд, ки сиёсати ҲСДТ ва ислоҳи ойинномаи он дар анҷумани навбатӣ ба роҳандозии наҳваи раҳбарии дастҷамъонаи ҳизб равона шудааст. Мебинем, ки Зойиров ислоҳотро аз худу ҲСДТ шуруъ мекунад, ё масали «харбуза аз харбуза ранг мегирад»-ро бори дигар дар Тоҷикистони дунявӣ-демократӣ ба исбот мерасонад.

Чӣ гуфтед?

Фирдавси Рустам

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97