Табиби Майкл Ҷексонро дар марги ӯ гунаҳкор донистанд

Хабари хуб 08.11.2011 10:17

Maikl_JeksonДодгоҳи Лос Анҷелес, табиби хусусии Майкл Ҷексон, овозхони шинохта дар ҷаҳонро дар марги ӯ гунаҳкор донист.

Конрад Мюррейи 58-соларо ба беэҳтиётӣ, ки паёмадаш марг будааст, гунаҳкор донистанд. Ҳукми ӯ то ду ҳафтаи дигар эълом мешавад ва метавонанд ӯро ба 4 соли зиндон маҳкум кунанд. Майкл Ҷексон, рӯзи 25 июни соли 2009 бар асари истифодаи беш аз меъёри доруи мадҳушкунандаи пропофол даргузашт. Конрад Мюррей худро бегуноҳ хонд. Вакилони дифоъаш мегӯянд, худи Майкл Ҷексон барои рафъи бехобӣ аз табибаш хостааст, ба ӯ пропофол бидиҳад, вале додрасҳо гуфтанд, беэҳтиётии Конрад Мюррей ҳам иллати марги овозхон аст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97