"АП": Дар робита бо ҳалокати Б.Шодиев се масъули шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Шоҳмансур аз вазифа ронда шуданд

Хабари хуб 05.11.2011 13:25

BahriddijnСе корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансури Душанбе аз кор ронда шуданд. Дар гузориши «Азия-Плюс» гуфта мешавад, ки аз кор пеш шудани кормандони масьули милиса бо ҳодисаи марги Баҳромиддин Шодиеви 28-сола иртибот мегирад, ки моҳи октябр рух дод. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом кормандони ин шӯъба аз вазифаҳои худ маҳрум шуданд.


Дар он ҳодиса, ҷавони муттаҳам дар ғоратгариро ба Маркази миллии тиббӣ бо ҷароҳатҳои вазнин интиқол доданд, вале баъди 10 рӯзи муолиҷаву нигаҳдорӣ дар утоқи эҳёгарии касалхона вай даргузашт.
Хешовандони Шодиев мегӯянд, ки ҷароҳатҳои вазнини бардоштаи ӯ натиҷаи шиканҷаву лату кӯби шадиди кормандони милиса будааст. Вале дар изҳороти расмии вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки баъди ба гуноҳи ғоратгарӣ иқрор шудани муттаҳам, ӯ худро аз ошёнаи дуюми шӯъбаи умури дохила ба замин партофта дар натиҷа ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст.
Дар баёнияи  созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, бо изҳори нигаронӣ аз ҳодисаҳои афзояндаи маргу мири боздоштшудаҳо бар асари шиканҷаву бадрафтории милиса, таҳқиқи мӯшикофона ва ба ҷавобгарӣ кашида шудани омилони ин куштор даъват шудаанд.

(Озодӣ)

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97