Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷаи фаромадани тарма дар Кӯҳистони Масчо ду сокини ин ноҳия ҷони худро аз даст додаанд. Ҳамчунин, чаҳор гӯсфанди ин ду сокини Кӯҳистони Масчо низ зери тарма мондаанд.
Имсол бар хилофи бебарфиҳои зимистони гузашта, барфи аввал дар моҳи ноябр борид. Масъулони маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳанӯз се рӯз қабл тавассути телевизион ба мардум ҳушдор дода буданд, ки рӯзҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳуми ноябр аз сафар ба минтақаҳои кишвар худдорӣ бикунанд.
Зеро ба қавли онҳо дар ин рӯзҳо дар баландкӯҳҳо барфи зиёд борида, резиши баҳман ё тарма низ дар назар аст. Ҳарчанд тӯли рӯзи ҳафтуми ноябр ҳаво мӯътадил буд, вале шоми ин рӯз борон борид ва баъдан ба барф табдил ёфт.
Маркази обу ҳавошиносии кишвар мегӯяд, бориши борону барф дар Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар то имрӯз 9 ноябр идома хоҳад кард.
Бо ин ҳол, бориши барфи аввал агар ба шодии гурӯҳе афзуда бошад, аммо ба қавли сокинони манотиқи дурдасти кишвар, ин сардиҳо мушкили онҳоро бештар кардааст. Яъне, аз як сӯ бебарқӣ ва аз сӯи дигар надоштани захираи ангишту ҳезум дар ин рӯзҳои сард онҳоро ранҷ медиҳад.
Ҳоло дар манотиқи кишвар лимит ё маҳдудияти нирӯи барқ ҷорӣ шудааст. Ба манзили сокинон танҳо шому субҳ барқ дода мешавад, ки ҳамагӣ аз чор то шаш соатро ташкил медиҳад.