Сафири Русия мегӯяд, дар мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, тарафҳо дар қазияи халабонҳо «забони муштарак» пайдо кардаанд.
Юрий Попов ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, тарафҳо ба натиҷае расиданд, ки ҳам Маскав ва ҳам Душанбе ба ҳалли ин вазъи мушкил манфиатдоранд. Дар бораи ҷузъиёти мулоқоти сафири Русия бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳанӯз маълумоти дигаре дар даст нест.
Ин изҳороти сафири Русия дар ҳоле садо медиҳад, ки Юрий Попов рӯзи 11-уми ноябр барои машварат бо мақомоти кишвараш озими Маскав шуда буд ва рӯзи 14-уми ноябр ба Душанбе баргашт.
Вазорати умури хориҷии Русия пас аз эълони ҳукми халабони рус дар додгоҳи вилояти Хатлон, Юрий Поповро барои машварати кӯтоҳмуддат ба Маскав фаро хонда буд. Бино ба оинҳои дипломатӣ, ин як нишони эътироз ва қадами аввал дар қатъи равобит аст.