Додситони кулли Тоҷикистон нигарониҳои мақомоти Русия дар робита ба ҳукми Садовничий ва Руденкоро бепоя хонд.
Ҷаноби Салимзода бар хилофи нигарониҳои мақомот ва расонаҳои Русия гуфт, ҳукми зиндони Владимир Садовничий ва Алексей Руденко як баҳси оддии додгоҳӣ аст ва ангезаи сиёсӣ надорад.
Шерхон Салимзода дар нишасти хабарии худ гуфт, Садовничий ва Руденко ба ҷурми убури ғайриқонунии марз ва ҳам нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ба ҳуштуним соли зиндон маҳкум шудаанд.
Ӯ ҳамин тавр иддаои мақомот ва расонаҳои Русияро дар ин бора, ки ин ду халабон гӯиё беасос зиндонӣ шудаанд, рад кард. Вай гуфт, ҳарчанд ҷониби Тоҷикистон ба дархости халабонҳо ҳафт бор посухи рад додааст, вале онҳо ин ҳамаро сарфи назар кардаву дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа фуруд омаданд.
Оқои Салимзода дар посух ба ин суол, ки оё моҷарои ин ду халабон метавонад ба равобити Тоҷикистону Русия халал ворид карда, шароити будубоши муҳоҷирони тоҷик дар он кишварро мушкил кунад, гуфт, Русия набояд ин масъаларо бо сиёсат омехта бикунад. Зеро ба қавли ӯ, ҳукми додгоҳии ду халабони ширкати русӣ сирф масъалаи ҳуқуқист, на сиёсӣ.
«Озодӣ»