Ромодановский: 100 нафар тоҷиконро барои депорт омода мекунанд

Хабари хуб 12.11.2011 10:50

RomodonovskiyКонстантин Ромодановский-раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия мегӯяд, ки онҳо тақрибан 100 нафар муҳоҷирони кории ғайриқонунии Тоҷикистонро аз Русия ихроҷ мекунанд.

“Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои интизомӣ ҳоло масъалаҳои фаннии ихроҷи 100 нафар муҳоҷирони ғайриқонунии Тоҷикистон аз Русияро баррасӣ мекунанд”.
Ба гуфтаи Ромодановский, як рӯз пеш 211 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки муқаррароти иқомат дар Русияро муроот накардаанд, боздошт шудаанд. Онҳо баъд аз ихроҷ аз се то 5 сол наметавонанд ба Русия ворид шаванд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97