Додгоҳи шаҳри Душанбе Бобишоҳ Шоев ва сенздаҳ тан аз ҳамроҳони ӯро ба зиндон маҳкум кардааст.
Наздикони Бобишоҳ Шоев, аз чеҳраҳои шинохтаи кишвар ва раиси Корхонаи "Нафтугаз ва ангишт"-и Вазорати энержӣ ва саноат, ба ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе эътироз карда, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.
Додгоҳи шаҳри Душанбе Бобишоҳ Шоев ва 13 ҳамроҳи ӯро ба сирқат ва ришват муҷрим шинохта, оқои Шоевро ба 18 сол ва ҳамроҳони ӯро ба солҳои мухталиф аз озодӣ маҳрум намудааст.
Саидалишоҳ Одинаев, вакили мудофеи Бобишоҳ Шоев, мегӯяд, ба муддати 18 сол равонаи зиндон кардани нафари зерҳимояаш нодуруст аст ва онҳо аз ин ҳукм комилан норозӣ мебошанд. Вай гуфт, Додгоҳи олии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик ба бознигарии ин парванда хоҳад пардохт, аммо дар мавриди ин ки то кадом андоза даъвои онҳо ҳукмро тағйир хоҳад дод, чизе нагуфт.
Додраси додгоҳи шаҳри Душанбе Шамсиддин Азизов, ки парвандаи мазкурро баррасӣ кардааст, мегӯяд, ин ҳукм ҳанӯз қувваи амал пайдо накардааст ва пас аз ба қувваи иҷро даромадани он иттилои бештар ба ихтиёри матбуот хоҳад гузошт. Ҷараёни баррасии ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе аз тариқи телевизони давлатӣ низ пахш карда шуд.
Ба ин тартиб, дар ҳукми додгоҳ омадааст, ки Бобишоҳ Шоев дар тӯли солҳои 2005 - 2010 беш аз 1 миллион сомонӣ маблағи мардумро аз худ кардааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷаноби Шоев аз хазинаи корхонаи "Нафтугаз ва ангишт" беш аз 417 ҳазор сомониро рабуда ва "барои эҳтиёҷоташ” истифода намудааст.
«Озодӣ»