Воқеияти озодии баён ва сарнавишти ВАУ-и мустақил

Хабари хуб 01.05.2012 21:23

KHABAR3 майи соли 2012 дар толори маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Пойтахт" (собиқ меҳмонхонаи Душанбе) бо ташаббуси Шӯрои ВАУ-и Тоҷикистон ва мусоидати молии Институти Ҷомеаи боз -Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Озодии баён; воқеият ва сарнавишти ВАУ-и мустақил дар Тоҷикистон" доир мегардад. Маврид ба тазаккур аст, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Анҷумани Миллии Васоити ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Медиа алянси Тоҷикистон, Анҷумани рӯзноманигорони форсизабонони "АФРӮЗ", ташкилотҳои ҷамъиятии "Хома", "ИНДЕМ" ва "Журналист"  дастгирӣ ёфтааст.

Дар ин ҳамойиш -дар чор бахш масоили вобаста ба декриминализатсияи тӯҳмату таҳқир ва масоили вобаста ба лоиҳаи қонуни нави ҶТ "Дар бораи ВАУ", тақдири ташкилотҳои ғайриҳукуматии электронӣ ба ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, ахлоқ ҳамчун унсури асосии масъулияти ВАУ-и озод ва маҳаллӣ ва саҳми ТИК дар рушди ВАУ-и мустақил баррасӣ мешаванд. Сипас, дар ҷаласаи умумӣ (ниҳоӣ) натоиҷи он ба маъраз гузошта шуда, тавсияҳои мушаххас оид ба беҳбудии вазъи озодии баён дар Тоҷикистон таҳия мегарданд.

Ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳои мустақили "Пайкон", "Миллат" ва "Азия плюс", "Фараж" ва "Озодагон" барои нашри матолиби танқидӣ, таъқиб ва ҳабси журналистон Маҳмадюсуф Исмоилов, Урунбой Усмонов барои фаъолияти касбӣ, то кунун ҳаллу фасл наёфтани масъалаи декриминализатсияи таҳқир ва тӯҳмат, созмонҳои журналистиро нигарон сохтааст. Ҳамчунин, аз мадди назар дур мондани тақдири ташкилотҳои мустақили телевизионӣ ва радиоӣ ҳангоми гузариш ба пахши рақамӣ, сол то сол ба гоҳнома табдил ёфтани нашрияҳои маҳаллӣ, масдуд сохтани дастрасии истифодабарандагон ба шабакаи интернет, аз ҷумла сомонаҳои интернетии хабарӣ боиси он мегардад, ки дастрасии мардум ба воситаҳои мустақил ва алтернативии ахбор душвортар мегардад.

Замони баргузории чорабинӣ: 3 майи соли 2012, соати 9.00

Макон: меҳмонхонаи "Пойтахт"

Телефон барои маълумоти иловагӣ: 93-510- 16- 99

Шахси масъул:  Хилватшоҳи Маҳмуд -Дабири  Кулли Шӯрои Расонаҳои Тоҷикистон
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97