Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе рӯзи 25 апрели соли 2012 таҳти раисии судя Содирова Машҳура бо таъиноти худ баррасии парвандаи гражданиро бо даъвои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон алайҳи рӯзномаи «Миллат» дар бораи рӯёнидани зарари маънавӣ қатъ кард.
Дар соли 2011 додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ин даъвои вазири кишоварзиро қонеъ кард ва бо қарори худ «Миллат»-ро барои пардохтани 1500 сомонӣ ва нашри радия муваззаф сохт. Додгоҳи ҳайати мунсифаи шаҳри Душанбе низ дар моҳи июни соли 2011 ин қарори додгоҳи Фирдавсиро, ки судия Абдураҳимова Дилором бароварда буд, бетағир гузошт.
Аммо дар моҳи марти соли равон, зинаи назоратии додгоҳ, Раёсати додгоҳи шаҳри Душанбе қарори додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва тайиноти додгоҳи шаҳри Душанберо бекор намуд.
Акнун додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ низ ин парвандаро комилан қатъ намуда ва бо ҳамин даъвои аввали вазир Қосим Қосимов алайҳи «Миллат» нақше бар об шуд.