Қумандони Фронти халқӣ Маҳкамбой аз олам даргузашт

Хабари хуб 27.04.2012 16:30

MahkamboyМуаззини масҷиди ҷомеъи марказии шаҳри Қурғонтеппа пеш аз адои намози ҷанозаи Маҳкамбой Шарипов иброз дошт, ки ӯ 70 сол умр дидааст. Ҷанозаи Маҳкамбой Шарипов зуҳри рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи шаҳри Қурғонтеппа бо имоматии муфтии мусулмонони шаҳри Қурғонтеппа Эшони Саидҷон доир гардид.

Prakuror_01Тибқи иттилоъи Ҳабибулло Азимов- ёрдамчии прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии вилояти Хатлон Маҳкамбой Шарипов соли 2011 дар асоси қонунҳои афв аз маҳбас озод шуда буд.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Азимов собиқ қумандони Фронти халқӣ соли 2000-ум бо моддаҳои 195 қисми 2, 201 қисми 3 ва 204 қисми 3, яъне бо моддаҳои ғайриқонунӣ нигоҳ доштани яроқ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, парвариш ва нигоҳдории маводи мухаддир бо ҳукми суди вилояти Хатлон ҷазои ҳукми қатл гирифта буд. Баъди муроҷиъату шикояти пайвандону муҳофизони ҳуқуқиаш соли 2002-юм Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми суди вилояти Хатлонро тағйир дода, нисбат ба ӯ ҳукми 25 сол маҳрум аз озодӣ баровард.

Ба гуфтаи прокурори назорати иҷрои қонунҳо дар муассисаҳои ислоҳии Хатлон Ҳабибулло Азимов дар давоми 12 соли дар маҳбас қарор доштани Маҳкамбой Шарипов якчанд маротиба қонунҳои башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонунҳои афв) ба тасвиб расиданд, ки дар натиҷа соли 2011 Маҳкамбой Шарипов баъди 12 соли адои ҳукм, яъне 13 сол қабл аз хатми муҳлати маҳкумияташ ба озодӣ баромад.

Ба гуфтаи Ҳабибулло Азимов ин қумандон, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам чандин сол умри худро дар маҳбас гузаронидааст, аз бемории сил азият мекашид. Дар давоми  (солҳои 1999-2011) 12 соли дар маҳбас қарор доштанаш якчанд маротиба барои табобат гирифтан ба дармонгоҳи муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон равон шуда буд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97