Омори тиҷорӣ нишон медиҳад, ки ширкати кореиягии Самсунг аз назари теъдоди фурӯши телефонҳои дастӣ аз ширкати финландии Нокиа пеш гузаштааст ва бештарин саҳмҳоро дар бозори ҷаҳонӣ касб намудааст.
Дар муддати чаҳор соли гузашта ширкати Нокиа бо дар даст доштани ҳудуди чиҳил дарсади бозори мобилӣ, тавлид ва арзакунандаи пешқадам дар ҷаҳон буд, аммо ахиран мизони фурӯш ва ҳамчунин суди ин ширкат коҳиш ёфта ва Самсунг ҷои онро гирифтааст.
Ширкати Самсунг бо телефонҳои навъи Голексӣ ва ширкати Эйпл бо оффонҳояш, қобили таваҷуҳе аз саҳми бозори Нокиаро дар ихтиёр гирифтаанд ва агарчӣ мобилҳои Нокиа ҳанӯз ҳам дар бозорҳои осиёӣ аз маҳбубияти фаровоне бархӯрдор аст, аммо ҳамкории ин ширкат бо Майкрософт ҳам натавонистааст монеъ аз таназзули мавқеъияти ҷаҳонии он шавад.
Манбаъ:ВВС