Гурӯҳе аз раҳбарони собиқ Фронти халқии Тоҷикистон тасмим доранд созмоне таҳти унвони "Фронти халқии бидуни силоҳ"-ро таъсис диҳанд. Қувваталӣ Муродов гуфтааст, аз ҳар номзаде дар интихоботи соли 2013 пуштибонӣ мекунад, ба ҷуз аз номзади ҲХДТ.
Қувваталӣ Муродов, раҳбари бахши тиббии собиқ Фронти халқии Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси ин созмон, муттаҳид сохтани собиқ размандагони ду ҷониби ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамақидаҳо ва ширкати осоишта барои ҳалли масоили иҷтимоии ҷомеа ва ширкат дар равандҳои сиёсии ҷомеаи кишвар аст.
Муродов мегӯяд, тасмим доранд барои узвият дар ин созмон размандагони собиқ Фронти халқӣ, Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва аъзои ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистонро даъват кунанд.
Ба ақидаи Муродов, нобаробариҳои иҷтимоии имрӯз дар баробари собиқ размандагони ҷанги шаҳрвандӣ аз ду ҷониб ва низ мушкилоти иҷтимоии ҷомеаи кишвар аст, ки ин теъдод мардуми даргузашта барои осудагии кишвар заҳмат кашидаро канор гузоштааст.
Қувваталӣ Муродов мегӯяд, феълан дар ҳоли даъвати ҳамақидаҳо ҷиҳати таъсиси як созмон ба унвони "Фронти халқӣ" ҳастанд, вале ҳанӯз санаде барои сабти ном пешниҳод накардаанд.
Ӯ мегӯяд, ин созмон дар ҳамдастӣ бо созмону ҷунбишҳо ва аҳзоби мухталифи Тоҷикистон тасмим дорад дар интихоботи ояндаи президентӣ ширкат ва аз номзади ягона пуштибонӣ кунад. Қувваталӣ Муродов гуфтааст, аз ҳар номзади арзандае пуштибонӣ мекунанд, ба ҷуз аз номзади ҲХДТ.
Фронти халқии Тоҷикистон дар моҳи октябри соли 1992 таъсис шуда ва соли 1997 бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, фаъолияти худро ба поён расонд.