Дучархаи сайёҳро дар Душанбе дуздиданд, ҳар кӣ ёфт 600$ ҷоиза мегирад

Хабари хуб 09.05.2012 14:15

velikДар Душанбе дучархаи Йоханес Лист, сайёҳ ва шаҳрванди Австрия рабуда шудааст.

Ӯ дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ният доштааст, бо дучархаи худ аз тамоми кишварҳои ҷаҳон дидан намояд. Аммо пас аз пушти сар кардани 12 000 километр ва 12 кишвари ҷаҳон, ду рӯз қабл дар наздикии яке аз тарабхонаҳои Душанбе, дучархаи ӯ рабуда шудааст.

Ҷаноби Йоханес мегӯяд, ӯ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Душанбе муроҷиат кардааст, аммо то кунун дучархаи ӯро пайдо накардаанд. Ҷабрдида барои пайдо кардани дучархааш, ба расонаҳои Тоҷикистон низ муроҷиат карда ва акси дучархаи худро ирсол намудааст.

Йоханес барои пайдо кардани дучархааш 600 доллар ҷоиза эълон кардааст. Ӯ ҳудуди 11 моҳ аст, ки ҷаҳонгардӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик бар ин назаранд, ки дар муддати 4 соли ахир соҳаи туризм дар  кишвар рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ва табиати «афсонавӣ» - и Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳонгардони дохилӣ ва хориҷӣ шудааст.

Тибқи омори расмӣ, соли 2010 ба Тоҷикистон беш аз 220 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки аз ин 160 ҳазорро сайёҳон ташкил додааст. Аммо ин рақам дар соли 2011 афзоиш наёфтааст, зеро танҳо дар шаш моҳи соли 2011 ба Тоҷикистон ҳудуди 140 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ сафар кардааст, ки беш аз 110 ҳазори он сайёҳон мебошанд.

Масъулони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва ҷаҳонгардии Тоҷикистон мегӯянд, бар асоси Барнома ва Консепсияи давлатии рушди туризм дар Тоҷикистон, қарор аст, то соли 2020 шумораи туристон марҳала ба марҳала ба 1 миллион нафар расонида шавад.

Хабари рабуда шудани дучархаи сайёҳи австриягӣ акнун доғе бар чеҳраи туризми Тоҷикистон хоҳад гузошт. Кӣ ин доғро пок мекунад?! 
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97