Хабари хуб

Иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ 30.08.2012 15:14 Иттилоияи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ
Додситонии кулли Тоҷикистон гузоришеро дар бораи натиҷаи тафтиши фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ нашр кардааст. Дар ин гузориш Шерик Карамхудоев, раиси бахши маҳаллии Ҳизби наҳзати исломӣ дар шаҳри Хоруғ ба муқовимат бо нируҳои давлатӣ ....

Хуруҷи домана дар Хоруғ баъди амалиёт 16.08.2012 17:47
Мақомот то кунун гирифтории 26 нафар ба доманаро дар Хоруғ тасдиқ намудаанд. Дар миёни сарбозоне, ки дар шароити саҳроӣ ба сар мебаранд, дарунврӣ, исҳоли хунин ва бемориҳои дигар мушоҳида мешавад.
Муштариёни "Мовароуннаҳр" даъвои хона доранд 15.08.2012 16:27
Беш аз 500 тан аз муштариёни ширкати Мовароуннаҳр зимни як номаи саркушода аз Ҳайъати раисаи Додгоҳи олии Тоҷикистон хостанд то қазияи раиси ин ширкатро мунсифона ҳал кунанд.
Зилзила ҷони 250 нафарро дар Ирон гирифт 12.08.2012 18:19
Дар заминларзае, ки дар вилояти Озарбойҷони Ирон рух додаст, ҳудуди 250 нафар кушта ва 2000 тан маҷруҳ шудаанд. Ин заминларза рузи 11 август дар рух додаст, ки қуввати онро 6,4 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мекунанд. 
Боз бозоре дар пойтахт сӯхт 11.08.2012 18:27
Субҳи рӯзи 11 август дар бозори «Варзоб», воқеъ дар маҳаллаи «Водонасос» - и пойтахт оташсӯзӣ сар задаст.
Муовини вазири дифои Русия барои баҳси пойгоҳи 201 ба Душанбе омад 08.08.2012 11:28
Дар ҷараёни сафари муовини вазири дифои Русия ба Душанбе масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 баррасӣ хоҳад шуд.
Маҷлиси намояндагон вазирони дохила ва дифоъро ради салоҳият намуд 04.08.2012 16:47
Маҷлиси намояндагони Афғонистон вазирони дохила ва дифоъи ин кишварро ради салоҳият кард.
Вокуниши вакилони парлумони Афғонистон ба ҳаводиси Бадахшон 03.08.2012 16:01
Вакилони Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз вилояти Бадахшон иддаъо кардаанд, ки  Амрико ва Инглистон аз чандин сол ба ин тараф саъй доранд, ки як кишвари ҷадид дар кӯҳистони шимоли шарқии Афғонистон ва Тоҷикистон ташкил бидиҳанд.
Дер намонед соҳиби USB-модем шавед 02.08.2012 16:02
Бар ивази 244 сомонӣ шумо метавонед соҳиби USB-модеми баландсуръати насли саввум шавед, ки суръати дастрасияш 14 Мбит/с аст ва 5000 Мегабайт Интернет  трафики бепул дорад.
ҲУСДТ амалиёти Хоруғро "ваҳшиёна" номид 02.08.2012 13:06
Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал демократии Тоҷикистон бо интишори баёнияе шадидулаҳн давлатро дар истифода аз равишҳои “ғайритамаддунӣ ва алайҳи конститутсионӣ” муттаҳам кардааст. ҲУСДТ тавофуқи миёни мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистонро "дар барои ончи ин мақомот "ҷилавгирӣ аз амалиёти террористӣ дар марзи муштараки ду кишвар мехонад" амале муғоир бо ақли солим хонд.
Дар рамазон ҷиноят дар пойтахт кам шудааст 01.08.2012 10:15
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе гузориш додаанд, ки аз оғози моҳи рамазон ба ин сӯ мизони чодиршудани ҷиноят дар пойтахти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97