Ширкати "Ҳуоксин Ғаюр Семент" аз кист ва чӣ тавоноӣ дорад?

Хабари хуб 26.04.2012 08:39

sementШиркати муштараки Тоҷикистону Чин "Ҳуоксин Ғаюр Семент" барои воридоти таҷҳизоти техникӣ ба Тоҷикистон аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда ва боҷи гумрукӣ озод шуд.

Қарор аст, ин ширкат дар ноҳияи Ёвон корхонаи семент бунёд кунад. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, ки рӯзи 25 апрел пешнависи ислоҳи қонуни буҷаи кишвар барои соли 2012-ро дар иҷлоси Маҷлиси намояндагон шарҳ медод, гуфт, ки бар асоси дастури раиси ҷумҳурӣ ва давлат воридоти таҷҳизоти нави техникӣ аз молиёт ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Ба ин далел, ба гуфтаи Сафаралӣ Наҷмиддинов, ширкати "Ҳуоксин Ғаюр Семент" барои ворид кардани таҷҳизот ба миқдори 60 миллион сомонӣ аз пардохти молиёт бар арзиши афзуда (47 миллион сомонӣ) ва боҷи гумрукӣ (13 миллион сомонӣ) озод хоҳад шуд.

Ҳамзамон, ӯ таъкид кард, ки дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи семент, он солиёна ба миқдори 700 миллион сомонӣ мол тавлид карда, аз ин маблағ 135 миллион сомонӣ ҳамчун молиёт бар арзиши афзуда ба буҷаи Тоҷикистон ворид мешавад.

Бунёди корхонаи семент бо тавоноии тавлиди як миллион тон семент дар сол дар моҳи сентябри соли гузашта дар ноҳияи Ёвон шурӯъ шуда ва то ҳол ба миқдори 77 миллион доллар барои ворид кардани таҷҳизот, фанноварӣ ва маводи сохтмонӣ сарф шудааст.

Ҳазинаи тарҳи бунёди корхонаи семент беш аз 100 миллион доллар буда ва пас аз фаъол шудани ин корхона 1000 нафар шуғл хоҳанд ёфт.

Ширкати муштараки "Ҳуоксин Ғаюр Семент" аз ширкатҳои тоҷикистонии "Ғаюр" ва чинии "Ҳуоксин Сентрал Эйша Инвестмент" мураккаб буда, асосан ба тавлиди семент, хишт ва бунёди корхонаҳои семент машғул будааст.

Гуфта мешавад, ба аъзои порлумон дар бораи ширкати "Ҳуоксин Ғаюр Семент" ва соҳибони ин ширкат иттилоъи муфассале дода нашудааст. Дар ҳоле ки намояндагони парлумон қабл аз баррасии ин мавзӯъ бояд бохабар мешуданд, ки ин чи ширкате асту имконоти молии он дар кадом сатҳ қарор дорад.

sement_01Ҳамзамон, дар иҷлоси Маҷлиси намояндагони парлумони Тоҷикистон мувофиқатномаи миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки Тавсеъаи Осиёӣ (БТО) дар бораи тахсиси кумаки билоъивази молӣ барои бунёди роҳи автомобилгарди Душанбе то марзи Узбакистон баррасӣ ва таъйид шуд. Ҳазинаи ин роҳ, ки Душанберо аз тариқи навоҳии Ҳисор, Шаҳринав ва Турсунзода ба марзи ҷанубии Узбакистон васл мекунад, 186 миллион доллар буда ва аз ин маблағ 120 миллион долларро кумаки билоъивази молии БТО ташкил медиҳад.

Саҳми Тоҷикистон дар ин тарҳ 39 миллион доллар буда ва ҳамакнун давлат барои дарёфти 27 миллион доллари дигар барои иҷрои ин тарҳ бо Бонки Аврупоии Бозсозӣ ва Тавсеъа музокира мекунад.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97