СММ Душанберо шаҳри амн барои ҳамагон донист

Хабари хуб 19.04.2012 09:01

DushanbeeСозмони Миллали Муттаҳид шаҳри Душанбе пойтахти тоҷиконро ҳамчун макони татбиқи Иқдомоти глобалии созмони миллал дар бахши "Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон"  оид ба Барномаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон дар партави рушди устувори шаҳрҳо интихоб кард.

Барои тадбиқи ин иқдом СММ се агентиии худ-  Занон, Хазинаи Кӯдакон ва Хабитатро  масъул кардааст.

Дар баробари Душанбе ҳамчунин шаҳрҳои Бейрути Калон (Лубнон), Метро Манила (Филлипин), Марракеш (Марокко), Найроби (Кения),  Рио-де Жанейро (Барзалия), Сан-Хосе (Коста-Рика), Тегусигалпа (Гондурас) макони тадбиқи Иқдомоти Глобалии СММ интихоб шудаанд.

Роҳандозии Барномаи мазкур дар марҳилаи аввал таи ду соли пешоянд расидан ба ҳадафҳои  беҳсозии омор оид ба хушунат нисбати кӯдакон, ҷавонон ва занон, дастрасӣ ба иттилоъ ва баланд бардоштани уҳдадориҳои  мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва имкониятҳои занону кӯдакон ва ҷавонон, зиёд намудани захира ва нируҳои сафарбаршаванда барои ҳимояи занону кӯдакон дар  ноҳияҳои гирифтор ба мушкилиро пайгирӣ менамояд.

Дар назар аст амалисозии Барномаи мазкур 8-11 майи соли 2012 дар шаҳри Найроби (Кения) ҷаласаи шаҳрҳои интихобгардидаи Иқдомоти глобалии СММ дар бахши "Шаҳрҳои бехатар ва рафоқат барои ҳамагон" баргузор шавад. 

Зимнан, пойтахти Тоҷикистон дорандаи Ҷоизаи Шаҳри Сулҳи ЮНЕСКО аз рӯи ҷавобгӯ будан ба талаботи амалакунандаи интихоби институтҳои СММ- мавҷудияти уҳдадории баланд аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ, шаҳрдор ва институти намояндагии  маҳаллӣ, ҷой доштани воқеияти зарфиятҳои ҳамкорӣ ва таваҷҷуҳи хоса дар шаффофияти фаъолият ва таҷрибаҳои муваффақонаи агентиҳои Занон, Хазинаии кӯдакон ва Хабитат дар он ҳам гардидааст.
©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97