Вазири хориҷаи Русия, ки дар як сафари ду рӯза дар Тоҷикистон қарор дошт, пас аз дидору гуфтугӯҳо бо мақомоти тоҷик гуфт, ки Тоҷикистон ба вуҷуди пойгоҳи низомӣ ва дигар таъсисоти низомии Русия дар ин кишвар алоқаманд аст.
Ба гуфтаи Сергей Лавров, ҷузъу томҳои пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон ба нируҳои вокуниши сареъи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шомил ҳастанд ва Тоҷикистон низ узви ин созмон аст. Ӯ ин нируҳоро зомини субот ва оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ унвон кард. Сергей Лавров ҳамчунин таъкид кард, ки ба далели бархе аз масоили мавриди баҳси тарафайн то ҳол тавофуқномае дар заминаи тамдиди ҳузури нируҳои Русия дар Тоҷикистон имзо нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия зимни дидораш аз Тоҷикистон дар тирамоҳи соли гузашта гуфта буд, ки дар семоҳаи аввали соли 2012 ҷонибҳо мувофиқатномае дар бораи тамдиди муддати ҳузури нируҳои ин кишвар дар Тоҷикистон барои 49 соли оянда имзо хоҳанд кард.
Вазири хориҷаи Русия гуфт, пешнависи тавофуқнома дар ин замина дар ҳоли баррасӣ қарор дошта ва Президент Раҳмон ба ниҳодҳои зирабти кишвараш барои зудтар анҷом додани ин раванд дастур додааст. Ҷониби Русия низ барои ҳалли сареъи ин масъала талош мекунад.
ҳам ҷониби Тоҷикистон ва ҳам Русия аз ифшои масоили мавриди баҳси тарафайн худдорӣ кардаанд.
Сергей Лавров зимни суҳбат дар атрофи ҳузури нируҳои Русия дар Тоҷикистон ба таҷлил аз понздаҳумин солгарди имзои Созишнома сулҳи тоҷикон дар соли ҷорӣ ишора карда ва гуфт, ки Русия дар барқарории сулҳ дар Тоҷикистон нақши калидӣ дошт. Ӯ ба масоили амниятии минтақа пас аз хуруҷи нируҳои Амрико ва НАТО аз Афғонистон ишора карда гуфт, ки ин амр метавонад ба амнияти минтақа асари манфӣ дошта бошад. Зеро ба гуфтаи ӯ, ҳоло нируҳои Афғонистон барои таъмини амнияти кишвар омода нестанд.
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки Тоҷикистон ва Узбакистон аз шарикони роҳбурдии Русия маҳсуб шуда ва ба ин далел, ин кишвар ба ташдиди равобит миёни онҳо бетафовут нест. Ба эътиқоди
Сергей Лавров дар мавриди тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, аз ҷумла, бунёди ниругоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон гуфт, Русия аҳд кардааст, дар обҳои дохилии Тоҷикистон се ниругоҳи миёна бисозад.
Ӯ гуфт, ки шурӯъи ин тарҳҳо ба танзими бархе ҷанбаҳои фаъолияти ниругоҳи "Сангтӯда-1", аз ҷумла, содироти нируи барқи ин ниругоҳ ба хориҷи кишвар вобаста аст.
P.S. Ахиран "Роспотребнадзор"-и Русия дар бағочи дастӣ бо худ бурдани ҳама гуна маҳсулоти растаниро аз Тоҷикистон барои мусофирон манъ кард. Ҷолиб ин аст, ки ин истисно барои Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, ки туҳфаи мақомоти тоҷик , ки аслан аз ҳудуди 200 килло маҳсулоти растанӣ ва меваи хушк иборат буд, вуҷуд дорад, ки онро ба Русия ворид кунад?! Ё шояд ба ҷуз аз ин ҳадяҳои Алимардонов ҳадяи дигаре ҳам бурд Лавров? Баъд аз 7 май бештар маълум хоҳад шуд.