Ширкати «МегаФон» ҷиҳати беҳтар намудани сифати алоқа дар шабакаҳои насли сеюм ва васеъкунии минтақаи фарогирии шабака корҳои ҳамаҷонибаро идома медиҳад. Танҳо дар тӯли як моҳи сипаришуда дар натиҷаи корҳои ба анҷом расонидашуда дар ноҳияҳои зерини вилояти Хатлон истгоҳҳои базавии навъи 3G «МегаФон» насб ва роҳандозӣ шудаанд:
- Курғонтепа дар кӯчаҳои Айнӣ 2 ва Кайҳоннавардон 1;
- Бохтар, дар деҳаҳои Қизил-Юлдуз ва Авангард;
- Ёван, дар деҳаи Ш. Руставели;
- Носири Хусрав, дар деҳаҳои Комсомол ва Бешкалла;
- ноҳияи Вахш, дар минтақаи Дустии Халқҳо;
- ноҳияи Қумсангир.
Дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ истгоҳҳои базавӣ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ, дар деҳаи Шайнаки Муллогадо, ва дар ноҳияи Файзобод дар деҳаи Бобои Валӣ сохта шудаанд.
Дар вилояти Суғд сифати алоқа бо насби як шабакаи базавӣ дар ноҳияи Ашт ҷамоати Понгоз ба маротиб беҳтар шуд.
«Шабакаи МегаФон, ба мисли табиати зинда, ҳамеша инкишоф меёбад ва мукаммал мегардад, - чунин қайд менамояд директории иҷроияи ширкати «МегаФон Тоҷикистон» Алексей Семенов. – Мо минтақаи фарогирии шабакаро васеъ ва зарфияти шабакаро зиёд намуда, таҷҳизотро таҷдид менамоем. Тамоми ин чораҳо ҷиҳати таъмини аҳолии Тоҷикистон бо алоқаи боэътимод ва босифат равона карда шудаанд. Дар натиҷа имрӯз «МегаФон» дар кишвари мо, инчунин дар Россия роҷеъ ба фарогирии шабакаи насли сеюм ҷойи аввалро ишғол менамояд».