Мушаки таркида аз пойгоҳи Русия набудааст, пас аз куҷост?!

Хабари хуб 29.08.2012 19:29

cyffhДафтари матбуоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон рӯзи 27 август бо пахши баёнияе хабари бархе аз расонаҳоро, ки таркиши чанд рӯзи қабл дар Кӯлоб рух додаро ба ин пойгоҳ рабт дода буданд, рад карда, гуфтааст, ин мушак ба ин пойгоҳ рабте надорад.

Бар асоси ин баёния, дар пойгоҳ назорати шадид ба воситаҳои низомӣ, аз ҷумла гулӯла ва аслиҳа анҷом меёбад.

Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки дар ҷараёни тамриноти низомӣ, партоби ҳар гуна гулӯла ва мушакҳо таҳти назорати мутахассисони низомӣ қарор дошта ва гулӯлаҳое, ки инфиҷор намешаванд, ба мавқеъ аз сӯйи афсарони пойгоҳ хунсо мешаванд.

Қаблан бархе аз расонаҳои хабарӣ дар бораи таркиши мушаке дар деҳаи Хоҷағалтони ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон хабар дода буданд. Ба иттилои ин расонаҳо ин деҳа дар наздикии размоишгоҳи Мумирак, ки низомиёни рус дар он машқи низомӣ мекунанд, рух дода ва боиси кушта шудани як хонандаи мактаб шудааст.

Ҳамчунин дар ин таркиш падару модари ин кӯдаки қурбонӣ низ захмӣ шудаанд. Ӯ ҳамроҳ бо падару модари худ машғули дарав буда, зимни алафдаравӣ мушаки нотаркидаро пайдо карда, онро бо нӯки дос сурох кардааст. Дар натиҷа мушак таркида, кӯдак кушта шудааст.

Зимнан, ҳудуди ду ҳафтаи ахир низомиёни пойгоҳи Русия дар се размоишгоҳ, яъне Лоҳур, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Самбула дар Қӯрғонтеппа ва Мумирак, дар минтақаи Кӯлоб машғули машқҳои низомӣ ҳастанд.

Тибқи хабари дафтари матбуоти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, дар ин машқҳо аз ҳудуди 5 ҳазор адад гулӯлаи аслиҳа, беш аз 2 ҳазор норинҷак ва 500 адад мин ва 45 ҳазор гулӯла барои аслиҳаи гуногун истифода хоҳад шуд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97