
Раёсати Шӯрои сиёсии Ҳизби умумимиллии сотсиал демократии Тоҷикистон бо интишори баёнияе шадидулаҳн давлатро дар истифода аз равишҳои “ғайритамаддунӣ ва алайҳи конститутсионӣ” муттаҳам кардааст.
ҲУСДТ тавофуқи миёни мақомоти Тоҷикистон ва Афғонистонро "дар барои ончи ин мақомот "ҷилавгирӣ аз амалиёти террористӣ дар марзи муштараки ду кишвар мехонад" амале муғоир бо ақли солим хонд.
Дар баёния ҲУСДТ ба хонаводаҳое, ки дар ончи “фоҷеъаи Хоруғ” унвон карда ва осеб дидаанд, ибрози таслият карда ва аз давлати Тоҷикистон хостааст ба қурбониёни ин амалиёт 250 ҳазор сомонӣ ва афроде, ки манозили онҳо тахриб шудаааст, 100 ҳазор сомонӣ ғаромат пардозад.
Дар ин изҳороти Шӯрои сиёсии сотсиал демократҳо ибрози норизоятӣ шудааст, ки истифода аз нерӯҳои давлатӣ барои ҳалли мушкилоти дохилӣ дар кишвар “ба як суннати табаҳкорона” табдил шудааст.
Дар баёния оварда шудааст: “Ба далели нотавонӣ барои ҳалли мушкил бо роҳҳои мутамаддин ва қонунӣ, мақомот ҳар сол ба иқдомҳои ваҳшиёна даст мезананд. (Исфара, Кӯлоб, Ғарм, Тавилдара, Хоруғ).”
Шӯрои сиёсии ин ҳизб иддаъо мекунад, ки дар аксари маврид худи сохторҳои давлатӣ дар симои ниҳодҳои қудратӣ суботро ба ҳам мезананд.
Баёния дар ин бора меафзояд: “Раҳбарияти бекифояти ин ниҳодҳо тавони идораи вазъиятро надоранд ва бо зердастони худ “ҷанг” барпо мекунанд. Чунин вазъ бо сарҳанги вазорати кишвар Захарченко, сарҳанг Мирзохуҷа Аҳмадов ва женерол Мирзо Зиёев рух дода буд.”
Шӯрои сиёсии ҲУСДТ давлатро дар тарҳрезии барқасдонаи чунин низоъҳои мусаллаҳона дар кишвар муттаҳам мекунад.
Дар ин замина дар баёния меоварад: “Васати ҷашнҳо ва консертҳо, ки дар кишвар беохир идома мекунанд, мақомот гаҳ-гоҳе (барои танаввуъ) фоҷеъаҳоеро тарҳрезӣ мекунанд ва аз ин роҳ фаъъолияти системи интизомӣ ва қудрати низомии худро ба намоияш мегузоранд, то ин ки таваҷҷӯҳи мардуми кишварро аз сабабҳои аслии фақр, яъне фасоди кулл ва нотавонии мақомот, дур кунанд.”
Раёсати Шӯрои ҲУСДТ муътақид аст, ки амалиёти вижаи тарҳрезишуда дар Хоруғ "рафторе дифоънопазир ба хотири муҷозот буд, муҷозот барои ба таври кулл таҳти контрол набудани минтақа, ба хотири вижагии он, ба хотири захираҳои моддиаш ва ба хотири озодандешии мардумаш."
Масъулони ҲУСДТ «суистифода аз номи генерали мақтул Абдулло Назаровро барои анҷоми амале ҷинояткорона, ки кушта шудани афроди бегуноҳро дар пай дошт", қотеъона маҳкум карда ва "куфр" мехонанд.
Раёсати ин ҳизб исрор мекунанд, ки амалиёт дар Хоруғ "ҳеч асоси қонунӣ ва мантиқӣ" надошта ва эътиқоди худро дар ин бора баён карданд, ки ҳадафи аслии амалиёти вижаи мақомот "боздошти муттаҳамини қатли генерал на, балки омодагӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2013 аст".
ҲУСДТ бори дигар аз давлат тақозо кардааст, ки нерӯҳои ниҳодҳои қурдатиро аз вилояти Бадахшон хориҷ кунад. Ин ҳизб дар рӯзҳои нахустини амалиёти низомӣ дар Хоруғ низ баёнияе содир карда ва дар он хостори хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз вилояти Бадахшон шуда буд.
BBC