Гурӯҳи ношиносе дар бозори Ставропол ба сӯи тоҷирон, махсусан шаҳрвандони Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Арманистон тир кушодаанд.
Ин тирпаронӣ рӯзи 22 август дар бозори "Южный"-и воқеъ дар пойтахти водии Ставропол рух дод ва гуфта мешавад, ки дар пайи тирпарронӣ чандин нафар маҷруҳ шуданд. Тирандозӣ асосан дар растаҳои тоҷирони мевафурӯш сурат гирифтааст. Гурӯҳи ҷавонон аввал тоҷирони ҷанубиро дашном додаанд ва баъдан зери лату кӯб гирифтанд. Ба думболи ин тирандозии гурӯҳ ба сӯи тоҷирон шурӯъ шудааст.
Як манбаъ дар идораи бозори «Южный» гуфтааст, ин гурӯҳ асосан тоҷикон, озариҳо ва арманиҳоро ҳадаф қарор додаанд. Мардум ба ҳар тараф гурехтанд, бисёриҳо захмӣ шуданд". Ба гуфтаи манбае дар идораи полис, осебдидаҳо, ки аз 5 то 8 нафар будаанд, ба бемористони рақами 4 интиқол ёфтанд. Полис гуфтааст, ки дар муноқиша ҳудудан 14 нафар иштирок дошт.
Бинобар манобеъи дигар теъдоди маҷрӯҳшудаҳо аз даҳ нафар бештар будааст. Бахшеро мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон бурд, бахши дигар бо роҳи худ то бемористон расиданд. Матбуот рӯйхати баъзе зарардидаҳоро нашр кардааст, ки дар он исми миллатҳои мухталиф, бо шумули тоҷикҳо ба назар мерасад.
Дар ҳоле ки пажӯҳиши ҳодиса аз тарафи полиси маҳаллӣ шурӯъ шудааст, бисёриҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи гурӯҳи Хирсҳои сафед баланд кардаанд. Фарзияеро, ки ҳуҷумро маҳз ҳамин гурӯҳи миллатгаро анҷом додааст, ронандаи Камаз, ҷавоне бо номи Рудик дар миён гузошта, ки дар бозори Южный» сабзавот мефурӯшад. Ин ронанда ба матбуоти Русия гуфтааст, саҳар гурӯҳи ҷавонҳо ба назди ман омаданд ва бидуни пешниҳоди санад худро корманди Хадамоти амнияти Русия муаррифӣ карда ва аз ман санад талаб карданд. Ва?те ин гурӯҳ ба ронанда дарафтод ва ӯро лату кӯб кард, ҳамтоҳои дигари онҳо мусаллаҳ бо автомату таппонча ба майдон расиданд. Онҳо дар тан либоси маъмулӣ доштанд ва нишонаҳои вежае дар онҳо мушоҳида намешуд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ҷавонҳо бо тирпарронӣ аз автомату пистолет оташ кушода, ҳамзамон фарёд мезаданд, ки онҳо Хирсҳои сафед ҳастанд ва тартибу низомро дар ин бозор ҷорӣ хоҳанд кард.
Шоҳидон мегӯянд, баъдан Хирсҳои сафед савори мошини тамғаи Жигули шуда, аз ҷойи ҳодиса бемамоният ғайб заданд.
Бозори Южный» пайваста дар гузоришҳои криминалии Вазорати дохилии Русия зикр мешавад ва зоҳиран ҳамеша маншаи баҳси гурӯҳҳои нуфузталаб будааст.
Яке аз ҷиноятҳои пурсарусадои марбут ба ин бозор сӯиқасд ба ҷони раҳбари собиқи он Владимир Селезнев аст, ки дар олами ҷиноӣ бо тахаллуси Хон машҳур буд. Селезнев зимистони соли 2011 якҷо бо аҳли хонаводааш кушта шуд.
Ҳафт моҳи пеш ҷинояткоре дар либоси сарҳанги полис ба дафтари маъмурияти бозор ворид шуд ва таҳдид кард, ки биноро мунфаҷир мекунад. Ин мард, ки ҳувияташ маълум нашуд, баъдан аз тарафи ходимони полис боздошт гардид.