Муовини вазири дифои Русия барои баҳси пойгоҳи 201 ба Душанбе омад

Хабари хуб 08.08.2012 11:28

Anatoli_AntonovДар ҷараёни сафари муовини вазири дифои Русия ба Душанбе масъалаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 баррасӣ хоҳад шуд.

Ҳайъати Русия бо раҳбарии Анатолий Антонов, муовини вазири дифои ин кишвар, рӯзи 9-уми август барои анҷоми як сафари серӯза вориди Душанбе хоҳад шуд.

Баррасии созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи 201 -и Русия дар қаламрави Тоҷикистон аз мавзӯъҳои меҳварии сафари гурӯҳи кории мақомоти Русия унвон мешавад.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон, ба расонаҳо гуфтааст, як ҳайати даҳнафарии мақомоти Русия муддати се рӯз масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дифоӣ ва низомӣ-фаннӣ миёни Тоҷикистону Русия ва бахусус атрофи тамдиди созишномаи фаъолияти пойгоҳи 201 дар қаламрави Тоҷикистонро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад.»

Гуфта мешавад, ин ҳайат нахуст бо мақомоти вазорати дифоъ ва баъдан бо намояндагони ҳукумати Тоҷикистон дидору гуфтугӯ ва хулосаҳои хешро пешниҳод хоҳанд кард. 

Дар оғози моҳи июли соли ҷорӣ Владимир Чиркин, фармондеҳи нируҳои хушкигарди Русия, гуфта буд, ки имзои Созишномаи тамдиди пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба мӯҳлати 49 сол ба хатар рӯ ба рӯ шудааст. Ин изҳороти ӯ вокунишҳои мухталиферо дар Русияву Тоҷикистон ба бор овард. Ҷониби Тоҷикистон ин иддаои Чиркинро нодуруст шуморида ва гуфт, масъалаи созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи Русия дар ҳоли баррасист. Баъдан, Анатолий Сердюков, вазири дифои Русия дар як нишасти хабарӣ изҳори умедворӣ кард, ки моҳи октябр созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳ бо Тоҷикистон бидуни шарту ҳарфи изофӣ имзо мешавад. 

Зимнан, Русия дар Тоҷикистон ҳудудан 7 ҳазор нируи низомӣ дорад, ки қисме дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, гурӯҳи дигар дар Қӯрғонтеппа ва бахше ҳам дар Кӯлоб ҷойгир шудаанд.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97