Дар рамазон ҷиноят дар пойтахт кам шудааст

Хабари хуб 01.08.2012 10:15

ramazon-javononМақомоти милисаи шаҳри Душанбе гузориш додаанд, ки аз оғози моҳи рамазон ба ин сӯ мизони чодиршудани ҷиноят дар пойтахти Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳизае коҳиш ёфтааст.

Қудратулло Ғуломов, раиси ситоди милисаи Душанбе, гуфтааст, ки мавридҳои боздошти майзадаҳо дар хиёбонҳои шаҳр тақрибан аз байн рафта ва дар шабонарӯз танҳо як ё ду нафар аз одамони маст боздошт мешаванд, ки асосан намояндагони миллатҳои дигар мебошанд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои милисаи Душанбе, дар моҳҳои дигари сол дар шабонарӯз даҳҳо нафарони маст дар хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон боздошт ва ба ҳушёрхона бурда мешуданд.

Қудратулло Ғуломов мегӯяд, ки дар моҳи рамазон коҳиши дигари навъҳои ҷиноят низ мушоҳида мешавад: Ба унвони мисол, агар дар моҳи гузашта ҳамарӯза дар Душанбе аз 25 то 35 ҷиноят сабт мешуд, ҳоло ин рақам то ба 9-10 маврид коҳиш ёфтааст.

Ба гуфтаи Қ. Ғуломов, ин ҷиноятҳо низ чандон сангин набуда ва асосан аз муноқишаҳо иборат аст: Дар ин моҳ ҳатто мизони дуздӣ коҳиш меёбад. Ҳоло дар бархе аз рӯзҳо милиса як ё ду мавриди дуздиро ошкор месозад. Чашм нарасад, дар моҳи рамазони имсол то ҳол ҳеч мавриди қатл низ сабт нашудааст.

Раиси ситоди милисаи шаҳри Душанбе афзуда, ки аз ибтидои соли ҷорӣ дар шаҳр даҳ мавриди қатл сабт шуда ва муттаҳамони тамоми ин ҷиноятҳо ошкор шудаанд.

Зимнан, дар моҳи Рамазон фаъолияти бархе аз ресторанҳо ва дискоклубҳои Душанбе ба далели камбуди муштарӣ таътил шудааст. Дар Рамазони имсол ҳатто маҳдуд шудани фаъолияти варзишгоҳҳо низ мушоҳида мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Қудратулло Ғуломов хабар додааст, ки ҳоло бархе аз нируҳои милиса Душанбе дар талошҳо барои ҷилавгирӣ аз афзоиши қимати ғизо дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Шаҳрдории Душанбе дар аввалҳои моҳи рамазон дастур дод, ки тибқи он дар ин моҳ тоҷирон дар бозорҳо бояд анвоъи аслии ғизо, назири гӯшт, орд, биринҷ, шакар ва равғанро бо нархҳои муқарраршуда ба фурӯш гузоранд.

Маъмурони милиса дар бозорҳо бар иҷрои ин муқаррарот назорат мекунанд. Вале мушоҳидаҳо ҳокист, ки бархе аз тоҷирон дар пайи иҷрои ин муқаррарот фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Ба унвони мисол, шаҳрдорӣ муқаррар кардааст, ки як кило гӯшти гов бояд бо қимати 29 сомонӣ ба фурӯш гузошта шавад. Вале гӯштфурӯшҳо мегӯянд, ки қимати воқеъии як кило гӯшти гов аз ин бештар аст ва ба ин далел дар моҳи рамазон таътил кардаанд.

Дар ҳамин ҳол, мушоҳида мешавад, ки дар бархе аз мағозаҳои Душанбе фурӯши май ва пиво низ маҳдуд шудааст. Соҳибони ин дуконҳо мегӯянд, ки дар моҳи рамазон фурӯши ин мавод воҷиб нест.

Аз сӯйи дигар, дар чанд соли ахир дар Тоҷикистон масрафи машруботи алкулӣ ҳамасола коҳиш ёфта ва бархе аз ширкатҳои тавлидкунандаи алкул фаъолияти худро мутаваққиф кардаанд.

Ба эътиқоди соҳибназарон, рӯй овардани сокинони Тоҷикистон ба арзишҳои мазҳабӣ омили аслии коҳиши масрафи машруботи алкулӣ дар кишвар аст. Коҳиши мизони иртикоби ҷароим дар моҳи рамазон низ ба ҳамин мавзӯъ иртибот дода мешавад. Дар бахши фатвои Маркази исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки гуноҳи иртикоби ҷароим дар моҳи рамазон дар муқоиса бо моҳҳои дигар сангинтар аст. Ба унвони мисол, агар дар моҳҳои дигари сол шустани гуноҳи қатл танҳо бо қатл ё хунбаҳо имконпазир бошад, дар моҳи рамазон бахшидани ин ҷиноёт бамаротиб сангинтар мешавад.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97