Вакилони Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз вилояти Бадахшон иддаъо кардаанд, ки Амрико ва Инглистон аз чандин сол ба ин тараф саъй доранд, ки як кишвари ҷадид дар кӯҳистони шимоли шарқии Афғонистон ва Тоҷикистон ташкил бидиҳанд.
Латифи Пидром, вакили Бадахшон дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон мегӯяд: "Амрико ва Инглис аз чандин сол бад ин сӯ талош доранд, ки Гилгет ва Чатроли Покистон, бахшҳое аз Бадахшони Афғонистон ва Тоҷикистон ва як бахше аз хоки Чинро як давлати ҷадид бисозанд. Ҳоло ҳам давлат ва ҳам гурӯҳҳои мухолифи он, чӣ исломӣ ва чӣ гурӯҳҳои норозии қавмиро дар муқобили ҳам ҳамин шабакаҳои ҷосусии ин ду кишвар таҳрик медиҳанд. Аз як сӯ давлатҳоро аз ҳузуру нуфузи ин гурӯҳҳо тарс медиҳанд, аз сӯи дигар, ин гурӯҳҳоро тақвият мекунанд. Мутаассифона, ҳукуматҳои кишварҳои минтақа тавону зарфияту дониши дарку фаҳми сиёсатҳои Амрикоро надоранд".
Фавзия Куфӣ, вакили дигари Бадахшон дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ гуфтааст: "Дар пайи нооромиҳои ахир дар вилоятҳои Бадахшони Афғонистон ва Тоҷикистон дастҳои бузурги бархе аз ҳалқаҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад, ки мехоҳанд монеъ сохтани Роҳи абрешими бузург шаванд. Дақиқан рушан нест, ки чӣ масоиле дар ин манотиқ иттифоқ уфтодааст ва ё дар ҳоли иттифоқ уфтодан аст. Аммо як манбаъи ғайри расмӣ дар тамосе изҳор дошт, ки Амрико аз гузашта дар назар дорад як кишвари мустақиле дар силсилаҳои печ дар печи марзии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон ташкил шавад. Минтақаи Бадахшон аз назари мавқеъияти истротежик дорои аҳамияти вижа мебошад".
Гуфтанист, аз ду моҳи пеш манбаъҳои иттилоотии Афғонистон аз таҷамӯъи гурӯҳҳои исломгаро дар вулусволиҳои Баҳорак ва Вардуҷи Бадахшони Афғонистон хабар дода буданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ба шимоли Афғонистон, ба марзҳои Тоҷикистон интиқол шудани ҷангиёни Толиб ва Алқоида баёнгари рӯшани он аст, ки маркази хушунатҳо ва низоъҳои минтақаӣ аз Покистон ва ҷануби Афғонистон ба шимоли ин кишвар ва Осиёи Марказӣ мунтақил хоҳад шуд. Ва як масири убури ин гурӯҳҳо бидуни шак Тоҷикистон хоҳад буд. Нируҳои зиёди Ҳаракати исломии Узбакистон, Толибон ва Алқоида бидуни доштани ҳадафи мушахас дар марзҳои Тоҷикистон ва дар ноҳияҳои дурдасти вилояти Бадахшон ҷамъ намешаванд. Коршиносон мегӯянд, ки худи кишварҳои ғарбӣ ва бархе аз кишварҳои узви НАТО дар интиқоли ин гурӯҳҳо аз манотиқи қабоилии Покистон ба шимоли Афғонистон даст доранд.
Дар ду Бадахшон мардуми тоҷик ба сар мебаранд ва аз бофти иҷтимоии муназазме бархурдор ҳастанд, аммо ба дурустӣ рушан нест, ки ҳадафи Амрико аз таъсиси ин давлат дар миёни Афғонистон, Тоҷикистон ва Чин чист?
Манбаъ: Razaqmamun.blogspot.in