Беш аз 500 тан аз муштариёни ширкати Мовароуннаҳр зимни як номаи саркушода аз Ҳайъати раисаи Додгоҳи олии Тоҷикистон хостанд то қазияи раиси ин ширкатро мунсифона ҳал кунанд.
Дар ин нома, ки гуфта мешавад, 531 муштарии ширкат имзо гузоштаанд, аз Додгоҳи олӣ тақозо шудааст, раванди фурӯши арзони амволи ширкати Мовароуннаҳр мутаваққиф шуда ва муштариён дар ин раванд ширкат кунанд.
Дар нома омадааст, корҳои сохтмонӣ дар бештари хонаҳо аз 50 то 85 дар сад иҷро шуда ва дар сурати азсаргирии фаъолияти ширкат ин опортумонҳо бунёд ва муштариҳо соҳиби маскан мешаванд.
Носир Носиров, як тан аз муштариён ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки аз ҷумлаи 531 муштарӣ танҳо 42 нафар хостори дарёфти маблағи пардохтшуда ва афроди дигар барои гирифтани манзил талош доранд. Носиров мегӯяд, субҳи 14 август, теъдоди зиёди муштариёни ширкати Мовароуннаҳр ба хотири ширкат дар ҷаласаи додгоҳи касатсионӣ дар назди сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон гирдиҳам омадаанд.
Аммо додгоҳи касатсионӣ баррасии шикояти Ҷӯрабек Охунов, раиси ширкати Мовароуннаҳр аз ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистонро, ки ӯро ба муддати 14 сол равонаи зиндон карда буд, то ду ҳафтаи дигар ба таъхир андохт.
Додгоҳи олӣ дар моҳи гузашта Ҷӯрабек Охуновро ба қаллобӣ ё тасарруфи амвол бо роҳи фиреб, фаъъолияти ғайриқонунӣ ва ворид кардани хисорот ба муштариён муттаҳам кард. Ҳамзамон, дар ҳукми додгоҳ таъкид шуда буд, ки бар асоси Қонуни афви Тоҷикистон дар соли 2011 як сеюми муддати ҳабси Ҷӯрабек Охунов коҳиш ёфта ва бо дарназардошти боздошташ дар моҳи ноябри соли 2010 ӯ 7 солро дар зиндон сипарӣ хоҳад кард. Ҷӯрабек Охунов рӯзи 9-уми ноябри соли 2010 аз сӯйи маъмурони Додситонии кулли Тоҷикистон ба иттиҳоми тақаллуб ва фиреби муштариёни ширкаташ боздошт шуд.
Додситони кулли Тоҷикистон он замон дар нишасте изҳор дошта буд, ки ин ниҳод далоили кофӣ барои боздошти ӯро дорад ва аз ҷумла иддаъо кард, ки раиси ширкати "Мовароуннаҳр" дар чанд маврид як опортумонро ба ду нафар ба фурӯш гузошта ва аз онҳо маблағ гирифтааст. Вале масъулони ширкати "Мовароуннаҳр" ин иддаъоро рад карда буданд.
Гуфта мешавад, ширкати Мовароуннаҳр, ки аз бузургтарин ширкатҳои сохтмонии Тоҷикистон буд, аз бонкҳо ба миқдори 13 миллион сомонӣ ва аз муштариён ба миқдори 2, 5 миллион сомонӣ қарздор аст.