Боз бозоре дар пойтахт сӯхт

Хабари хуб 11.08.2012 18:27

sukhtori_varzobСубҳи рӯзи 11 август дар бозори «Варзоб», воқеъ дар маҳаллаи «Водонасос» - и пойтахт оташсӯзӣ сар задаст.

Давлат Ҳабибов, сарвари бозор ба расонаҳо гуфтааст, ки қариб 20 нуқтаи савдо воқеъ дар бинои маркази тиҷоратии бозор сӯхтаанд. Ин дӯконҳои маводи ғизоӣ, либосворӣ ва дигар маводи ниёзи мардум будаанд. Гуфта мешавад, ки ба эҳтимоли зиёд сӯхтор дар пайи расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ рух додааст. Сабабе, ки қариб дар тамоми оташсӯзиҳо дар бозорҳои кишвар оварда мешавад.

Оташсӯзӣ ба қавле дар ин авохир дар Тоҷикистон мӯд шудааст. На танҳо бозорҳо, балки биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятӣ низ дар ин авохир ба коми оташ рафтаанд, ахиран дар бораи як оташсӯзии барқасдона дар бинои ҲНИТ дар ноҳияи Ваҳдат хабар дода шудааст. 

Пурҳангоматарини оташсӯзиҳо ба оташ кашида шудани бинои Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, бозори Корвон, бинои фарҳангии ҲНИТ, корхонаи пунбаи марбут ба Ҳочӣ Акбари Тураҷонзода рӯхонии шинохтаи кишвар мебошад, ки гуфта мешавад, ки барқасдона сурат гирифтаанд.

Дар гузашта дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Корвон» ва ғайра низ сӯхтор ба амал омада буд. 

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97