Маҷлиси намояндагони Афғонистон вазирони дохила ва дифоъи ин кишварро ради салоҳият кард.
Вакилони порлумони Афғонистон имруз, шанбе Бисмиллоҳи Муҳаммадӣ, вазири дохила ва Раҳими Вардак, вазири дифои ин кишварро ба далели нотавонӣ дар ҷилавгирӣ аз мушакпарониҳои Покистон ба Афғонистон ва афзоиши сатҳи ноамнӣ дар кишвар барои истизоҳ фаро хонданд.
Вакилони маҷлис баъд аз он ки гузоришҳои ҳарду вазирро шуниданд ва онҳоро баррасӣ намуданд, дар раъйгириҳои ҷудогона салоҳияти ҳарду вазирро салб намуданд.
Аз миёни 228 вакили ҳозир дар маҷлиси рузи шанбе 126 нафар ба Бисмилоҳи Муҳаммадӣ вазири дохила ва 146 нафар ба Раҳими Вардак, вазири дифоъ раъйи манфӣ доданд.
Ба ин тартиб, ҳарду вазир ради салоҳият шуданд.
Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳур хостааст, ки ҳарчи зудтар номзадҳои шоистатареро барои тайин намудан ба вазорати дифоъ ва дохила ба порлумон муаррифӣ кунад.