ТВ Афғонистон: Як сокини Қурғонтеппа мехост, намози иди Фитрро дар Файзобод мунфаҷир кунад

Хабари хуб 28.08.2012 11:30

teroriШабакаи телевизони давлатии Афғонистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Файзободи Бадахшон се ҷангие, ки мехостанд худро мунфаҷир кунанд, кушта шудаанд, ки яке аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистон аст.

 

Шабакаи телевизони миллии Афғонистон дар барномаи ахбори субҳи рузи душанбеи худ зимни гузорише аз шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшони Афғонистион эълон кард, "фарде бо номи Абдураҳмон, ки аз аҳли минтақаи Қурғонтеппаи Тоҷикистон аст, вақте мехост, бомберо дар саҳнаи масҷиди Файзобод, зимни баргузории намози ид мунфаҷир кунад, кушта шудааст".

Ҳамзамон бо ин ду нафари дигар, ки аз як нафари онҳо бо номи Алавӣ дар телевизиони Афғонистон ёд шуда, низ кушта шудаанд. Телевизиони давлатии Тоҷикистон бо намоиши ҷасади ин се нафар ҳамчунин гуфт, ки онҳо бо силоҳҳои худкор, норинҷак ва инчунин васоили мухобира муҷаҳҳаз буданд ва аз ҷонибдорони Ҳаракати исломии Узбакистон мебошанд.  

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97