Зилзила ҷони 250 нафарро дар Ирон гирифт

Хабари хуб 12.08.2012 18:19

zilzila_dar_eronДар заминларзае, ки дар вилояти Озарбойҷони Ирон рух додаст, ҳудуди 250 нафар кушта ва 2000 тан маҷруҳ шудаанд. Ин заминларза рузи 11 август дар рух додаст, ки қуввати онро 6,4 дараҷаи ҷадвали Рихтер унвон мекунанд. 

 Вазири кишвар ё умури дохилаи Ирон, Мустафо Муҳаммад Наҷар, гуфтааст, амалиёти ҷустуҷӯву наҷотбахшӣ поён ёфтааст ва акнун мақомот дар пайи таъмини афроди зиндамонда бо сарпаноҳ ва маводи озуқаанд. Ба иттилои ӯ, аз 600 деҳаи минтақаи офат тақрибан нисфашон хароб шудаанд. Айни ҳол 16 ҳазор нафар ба сарпаноҳи муваққат ниёз доранд.
Мақомоти Ирон мегӯянд, миёни заминларзаҳо дар ду шаҳри воқеъ дар шимолу ғарби кишвар ҳамагӣ 11 дақиқа фосила буд. Аввал заминларзаи нерӯяш 6,4 дараҷаи Рихтер шаҳри Оҳарро такон дод. Сипас дар шаҳри Варзеған заминларзаи нерӯяш 6,3 дараҷаи Рихтер ба амал омад. Ҳарду ин шаҳрҳо дар 60-километрии Табрез ҷойгир шудаанд.

Моҳи декабри соли 2003-юм заминларзаи мудҳиш дар шаҳри бостонии Бам, воқеъ дар ҷанубу шарқи Ирон, мунҷар ба ҳалокати 25 ҳазор нафар шуда буд. 
То кунун чандин кишвар, аз ҷумла Туркия, омодагии худро барои расонидани кумак ба осебдидагони зилзилаи Ирон изҳор доштаанд. Довуд Уғлу, вазири хориҷаи Туркия дар тамоси телефонӣ бо ҳамтои эронии худ Алӣ Акбар Солеҳӣ зимни таслият ба бозмондагони ин заминларза омодагии кишварашро барои ирсоли ҳама гуна кӯмак ба осебдидадгон эълон кардааст. 
Бино ба ин гузориш, масъулони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ низ бо ибрози таассуф ва эълони ҳамдардӣ бо хонаводаҳои осебдида, омодагии худро барои кӯмак ба зилзидадагон баён доштаанд.

Инчунин, вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида ҳамдардии Вошингтон ба осебдидагони зилзила дар Иронро изҳор кардааст.

Тоҷикистон то кунун фурсати изҳори таслият ба кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги худро наёфтааст.

©2008 - 2026 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97